Formula novemver 2024
Худо гуноҳатро бубахшад, падар! Қисми 1
2685

 

Аброр дар бистари беморӣ дами марг, мисли кӯдак зор-зор гириста, номи писари хурдиаш Шамсро гаштаву баргашта ба забон мегирифт.

Писарони калонӣ ин ҳолати риққатовари падарро дида, дам ба дам ба додарашон, ки дар Русия зиндагӣ мекард, занг зада зорӣ мекарданд, ки зудтар чипта харида, ба Ватан биёяд. Аммо Шамс шитоб намекард, дилаш пури алам, ба Ватан омаданӣ набуд.

Ҳатто вақте фаҳмид, ки падараш дар дами марг қарор дорад, дилаш норозӣ буд. Дар қалбаш ҳамон алам аз падар монда буд.  

Аброр калима мегардонду аз Худо зорӣ мекард, ки зудтар ҷонашро бигирад. Аммо азоби ҷонканӣ бештар мешуду намемурд. Ниммурдаву нимзинда монда буд миёни маргу зиндагӣ. Аброр бори вопасин писари хурдиашро дидан мехост. Аммо Шамс наомад. Аброр дар дами марг фаҳмид, ки дар ин дунё ҳар як гуноҳ ҷавоб металабидааст. Рӯзҳои гузаштаи ҳаёташ пеши назараш чун навори кино падид омаданд.

Аброр раиси ҷамоати деҳа буду мардум зиёд эҳтиромаш мекарданд. Соҳиби ҳамсари меҳрубону се писари дӯстрӯ буд. Зиндагиаш ҳалолу покиза мегузашт то рӯзи бо Шоиста шинос шуданаш. Ба утоқи кориаш ҷавонзани зебои оростае ворид шуда, салом дод. Аброр ба қаду қомати мавзуну чашмони ошиқкуши ҷавонзан нигариста, худро гум кард:

-Салом, марҳамат дароед.  

-Раис, як коратон доштам,-бо ишваву ноз сар кард Шоиста.

-Гӯш мекунам.

-Раис, кумак кунед, хона надорам.  

-Шумо аз куҷо, оиладоред?

-Ман оиладор будам. Соҳиби як духтарча ҳастам. Шавҳарам наркоман шуду ман ҷудо шуда, баромада омадам. Падарам вафот кард. Дар хонаи падар бо янгаҳо соз нагирифтам.

-Гиря накунед, бонуи зебо. Номатон чӣ?

-Номам Шоиста.

-Ман ба шумо кумак мекунам. Як ариза нависед.

Ҳамин тавр бо Шоиста шинос шуд. Барояш як қитъаи замин гирифта дод. Барои сохтмонаш ҳам пурра кумак кард. Онҳо ба якдигар унс гирифта, пинҳонӣ дар хонаи дар шаҳр будаи Аброр мулоқот мекарданд. Аброр гуфт, ки ман тоқати кори ҳаром надорам, биё никоҳ кунем.

Шоиста розӣ шуду як муллои шинос омада, онҳоро никоҳ кард. Писарони Аброр ҳар се хонадор буданд. Вале писари хурдӣ бо ҳамсараш доимо дар ҷангу ҷанҷол буд. Ҳамсари ӯ талаб мекард, ки Шамс барояш дар шаҳр хона бихарад. Ба замми ин, барқасд аз шавҳар нопурсида, тифли батнашро исқоти ҳамл кард. Ин навбат Шамс тоқат накарда, ҳамсарашро талоқ дод. Модар дар тараддуди келинкобӣ шуд. Аброр ҳанӯзам бо Шоиста мулоқотҳояшро идома медод. Рӯзе Шоиста наздаш шарт гузошт, ки ӯро бо оилааш шинос карда, аз зани дуввум доштанаш хабар диҳад.

-Не, намешавад, ҷонам. Охир, ман як одами бообрӯ.

-Чӣ, ман беобрӯям?

-Не, гап сари ин нест. Гап сари он ки дар деҳа маро ҳамчун марди тақводор эҳтиром менамоянд. Ҳамсару писарону келинҳоям чӣ мегӯянд? Шарманда мешавам.  

-Ту медонӣ, ки ман аз ту ҳомиладорам?

-Илтимос, кӯдакро исқоти ҳамл кун.

-Не, ба ту як ҳафта вақт, маро бо онҳо шинос мекунӣ ё ман худам ба хонаат рафта, ҳақиқатро нақл мекунам.

Аброр аз ин таҳдиди Шоиста тарсид. Обрӯяш мерехт. Се рӯз майна об кард, ки чӣ чора ҷӯяду Шоистаро аз ин роҳ гардонад. Ногаҳ ба сараш як фикри аҳриманӣ омад. Охир, писари хурдиаш безан аст ку. Бо ӯ маслиҳат карда, Шоистаро барояш хостгорӣ мекунад. Баъди келинро ба хона овардан аз писараш хохиш мекунад, ки дар ин бора ба касе сирашро бой надиҳад. Аброр писарашро бегоҳӣ ба наздаш ҷеғ зада, гуфт:

-Писарам, ман ба ту як зани хубу порсо ёфтаам. Духтари хона нест, вале аз шавҳари собиқаш як духтарча дорад. Духтарчааш бо модараш зиндагӣ мекунад. Агар розӣ бошӣ, ӯро барои ту хостгорӣ намоям».

-Падар, агар иҷозат диҳед, як бор ӯро бинаму суҳбат кунам. Моргазида аз ресмони ало метарсад. Як бор надида зан гирифтам, ба бало гирифтор шудам. Бахт ширин аст, дуввум бор бахтшикаста шудан намехоҳам. Як бор бинам.

-Майлаш,-ин лаҳза падар мехост бигӯяд, ки «ин зангириат қалбакӣ мешавад ба хотири ман». Аммо ҷуръат накард.

Шоиста вақте ин нақшаи Аброрро фаҳмид, баръакс хурсанд шуд. Охир, Шамс ҷавони зебову диданӣ буд. Аброр шарташро гузошта гуфт:

-Шоиста, ман туро дӯст медорам. Ту бо писари ман баъди маърака ягон муносибати маҳрамона намекунӣ.

-Чӣ тавр?

-Ба ӯ мегӯӣ, ки ту касалӣ. Ягон касалии руҳӣ. Баъд боз фикр мекунем. Ҳамин тифл зиндаву

саломат тавлид ёбад. Хуб? Ба замми ин, ҳамсарам ба бемории фишори хун мубтало аст.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД