Arzon Banner
ХУДКУШИИ ДОНИШҶӮ ДАР БОХТАР
09.02.2021
Р. Азимӣ
4355


Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар эълон доштааст, ки соли 2020 ду донишҷӯяш худкушӣ кардаанд. Ин донишҷӯён сокинони ноҳияҳои Вахш ва Ҷалолиддини Балхӣ буданд.

Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки худкушии донишҷӯён ба таълиму таҳсил дар донишгоҳ ягон рабт надорад, иттилоъ додааст сомонаи Pressa.tj.

“Донишҷӯёне, ки худкушӣ кардаанд, бисёр донишҷӯёни фаъол буданд. Бо баҳои хуб таҳсил мекарданд. Худкушии донишӯён ба таълиму таҳсил дар донишгоҳ ягон рабт надорад”, - гуфт номбурда.
Дар ҳамин ҳол ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар зикр намудааст, ки яке аз онҳо пеш аз худкушӣ кардан дастхате навиштааст.
Дар ин дастхат донишҷӯ навиштааст: “Ба марги ман касе гунаҳгор нест, ҷуз худам. Ман намехоҳам рӯям ба рӯйи модарам расад”.

Бояд гуфт, ки ахиран дар нишасти хабарии Прокуратураи вилояти Хатлон гуфта шуда буд, ки дар соли 2020 дар ҳудуди вилоят 149 ҳодисаи сӯиқасд ва худкушӣ сабт шуда аст, ки назар ба соли 2019 шаш дарсад камтар мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Сироҷиддин 2021-02-09, 19:46
Ҳаминам мавод шуд? Чиҳо менависед шумо? На аввал дорад на охир. Барои чи кушт? Чаро бо модар рӯ ба рӯ шудан намехост?
Посух
Кабутари сиёх 2021-02-27, 10:14
Агар хамин хел зиндаги рафтан гирад шаш дар сад худкуши аз тарафи мардон аз сабаби бекори дар соли21-22 зиед мешавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Сироҷиддин 2021-02-09, 19:46
Ҳаминам мавод шуд? Чиҳо менависед шумо? На аввал дорад на охир. Барои чи кушт? Чаро бо модар рӯ ба рӯ шудан намехост?
Посух
Кабутари сиёх 2021-02-27, 10:14
Агар хамин хел зиндаги рафтан гирад шаш дар сад худкуши аз тарафи мардон аз сабаби бекори дар соли21-22 зиед мешавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД