Formula novemver 2024
ХУДАШ БА ҲАБСУ РАФИҚАШ ЗЕРИ ХОКИ САРД РАФТ
3418

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз боздошт намудани донишҷӯйи курси 2 - юми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои Раёсат дастгиршуда рафиқи 22 - солаи худро бо корд зада, куштаст.

Кормандони полиси пойтахт ҷавони 20 - соларо бо гумони даст доштан дар ҳодисаи куштор дастгир намуданд.

Рӯзи 29-уми июни соли 2020 тақрибан соати 22:00 дақиқа баъди гирифтани хабари фаврӣ кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рафта, муайян карданд, ки дар суроғаи мазкур байни ду нафар ҷавонон аз ҳиссиёти авбошӣ муноқиша сар зада, боиси ба ҳалокат расидани як нафар ҷавонписар гардидааст.

Миёни Бабаев Ансор Раҳмиддинович, соли таваллудаш 18 - уми октябри 2000, сокини шаҳри Душанбе, маҳаллаи Гулбутта, донишҷӯи курси 2 - и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Маҷидов Аюбҷон Абдурасулович соли таваллудаш 30-юми августи 1998, сокини шаҳри Душанбе муноқиша сар зад.

Дар натиҷа Ансор, ки бо корд мусаллаҳ буд, ба қисмати рони пои чапи Аюбҷон якчанд маротиба зарба зад. Маҷидов аз ҳисоби талаф додани хуни бисёр дар беморхона ба ҳалокат расид.

Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе вобаста ба ҳолати мазкур, айни замон нисбати донишҷӯи гумонбаршуда, шаҳрванд Бабаев Ансор Раҳмиддинович бо моддаи 110 қисми 3 банди «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз шуда, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабси пешакӣ гирифтан татбиқ карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД