arzon replenishment
Худ ва зидагии худро дӯст доред
853

Аз тӯй ба хона равед. Агар дар ҷойи нобобе, ки атрофиатон на рафтору на гуфторашон ба шумо маъқул нест, набояд онҷо монед. Беҳтараш дар хона танҳо нишинеду филми дӯстдоштаатонро тамошо кунед. Пеш аз ҳама, кас аввал худро дӯст дорад. Ин ба назари дигарон ҳам намоён мешаваду шуморо дуст хоҳанд дошт.

Ба рафиқи ҳаётии худ фаҳмиш пайдо кунед. Бояд шумо худро дар канораш комилан роҳат ҳис кунед. Он чунин шахс бояд барои шумо бошад, ки дар ҳама мавзуъ ҳамроҳаш суҳбат ва ё маслиҳат карда тавонед. Агар чунин нест он шахс муносиби шумо нест.

Қиммати ҳаёти худро боло донед. Он нафаре, ки нархи ин қимматро пардохт карда наметавонад, муносиби шумо нест. Аз наздаш канора гиред. Ҳеҷ кас дар ин дунё дуюм маротиба тавалуд намешавад. Набояд онро сарфи каси беарзиш кард. Дӯст доштану дӯстдошта будан ҳаққи ҳама аст.

Ба ҳеҷ кас иҷозаи истифода бурданатонро надиҳед. Ҳадди худро шиносед ва ба ҳеҷ нафар иҷозат надиҳед, ки хатти давраатонро зер намояд. Фидокории аз меъёр зиёд фоида надорад. Ин манзалати шуморо паст менамояд.

Ҳамаи муҳаббат хостанӣ мешавад, агар он дутарафа бошад. Ин мисли рақси валс аст. Яъне, ҳаракати тарафайн набошад, рақс шакл намегирад ва лаззати тамошо низ гум мешавад. Зиндагӣ низ мисли санъати рақс аст.

Ҳар куҷое худро нороҳат ҳис кунед, пас он ҷо барои шумо нест, чӣ корхона, чӣ меҳмонхона ва чӣ хонаи дӯст. Шахс ҳама вақт қуваи ноаёне дорад, ки дар ҳамаи ҳолат худро барқарор месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД