Sebiston new 2024 october
Хуҷанд: Табибони ҳиндӣ ба беморон машварати ройгон медиҳанд!
658

 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, се нафар табибони варзидаи Ҳиндустон — Доктор Ажитабх Шривастава, Доктор Арун Кумар Гири ва Доктор Нагеш Чандра дар шаҳри Хуҷанд ба беморон машварати ройгон медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо дастгирии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ гардида, машваратҳо санаҳои 19.08.2022 ва 20.08.22 дар Маркази навбунёди “Ортопедия ва технологияи муосир”-и шаҳри Хуҷанд (паҳлуйи таваллудхонаи шаҳрӣ) баргузор мегарданд.

“Машваратҳои комилан ройгон барои бемориҳои гуногун, аз ҷумла трансплантатсия, ҷигар, гепатология, ҳама намуди варамҳо, амалиётҳои онкологӣ, иваз кардани зонуҳои роботӣ, ҷарроҳии сутунмуҳра ва нейроирургия, деформатсияи устухон ва ғайра дода шуда, табибони ҳиндӣ беморонро барои табобат роҳнамоӣ мекунанд, -меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД