arzon replenishment
ХУҶАНД: КУШТОР ДАР ОШХОНАИ “СОМГОР”
8618

 

Ривоят мекунанд, ки Шайтони лаъин ҷавонеро асир гирифт ва банд бар дасту пояш ниҳод. Ҷавон бо тамоми қувваташ кӯшиш мекард, ки аз банди шайтон раҳоӣ ёбад, аммо ин кор ҳеҷ ба ӯ муяссар намегашт. Шайтон бо тамасхӯр ба ҷавони бандӣ нигариста гуфт:

-Ман се шарт дорам, агар яке аз онҳоро иҷро кунӣ, туро аз банд озод месозам.
Ҷавон, ки ба танг омада буд, оҳи сард кашида, пурсид:
-Тезтар бигӯй, чи шарт дорӣ?

-Одам мекушӣ, зино мекунӣ ё шароб менӯшӣ, агар яке аз ин се шарти маро иҷро кунӣ, туро озод мекунам,-ваъда дод шайтон.
-Ту девона шудаӣ, чи тавр ман хуни як бандаи худоро мерезам, охир одамкушӣ гуноҳи азим аст,-фиғон кашид ҷавон.

-Дастатро ба хун олуда кардан нахоҳӣ, зино кун,-паст наомад шайтон ва духтари зебоеро нишон дод, аммо ҷавон сар нафароварда гуфт:
-Зино ҳам мисли одамкушӣ гуноҳи нобахшиданист. Ман намехоҳам фардои қиёмат барои ин корам ба оташи сӯзони ҷаҳаннам афтида, мисли ҳезуми тар бисӯзам.

-Ин тавр бошад, ана ин ҷоми саршорро бигир, йигит,-Шайтон чашмакӣ зада, қадаҳи шабро ба ҷавон дароз кард.
Бо гумони он ки шароб нӯшидан чандон гуноҳи бузург нест, ҷавон ҷомро аз дасти шайтон гирифт ва то қатраи охирин нӯшид.

Пас аз чанд лаҳза чашмонаш хуморӣ гаштанд ва худро шери нар тасаввур карда, ба ғӯрридан даромад. Ӯ доду фиғонкунон ба кӯча баромад ва духтараки зебоеро дида, аз думболаш афтид. Ба доду фиғони духтар нигоҳ накарда, ҷавони масти шароб бераҳмона ӯро таҷовуз намуд, баъдан бо пирамарде даст ба гиребон шуда, мӯйсафеди бечораро се корд зада кушт.

Ҳамин тавр ба доми макри шайтон афтида, он ҷавони беандеша ба ҷойи як гуноҳ се гуноҳи азим ва нобахшиданӣ содир намуд.
Ҳодисаи ваҳшатборе, ки дар шаҳри Хуҷанд рӯй додааст, ҳамин ривоятро ба ёди кас меорад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 45-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми куштор хабар додааст. Тибқи иттилои манбаъ ин мард дар ҳолати мастӣ як марди 60-солаи сокини шаҳри Хуҷандро мурданивор лату кӯб кардааст. Ҳодиса дар чойхонаи “Сомгор”-и маҳаллаи сомгори шаҳри Хӯҷанд, тахминан соатҳои 01.10 ба вуқуъ пайвастааст.

Сабаби моҷаро маълум нест, вале бар асари мушту лагади хӯрдааш марди 60-солаи Хуҷандӣ ҷон ба ҷонофарин супурда, дар сурати собит гаштани гуноҳаш қотили бадмастро ҷазои сангин интизор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД