Маҳсулоти лозима:
4 дона – тухми обпазшуда
2 дона – помидор
2 дона – бодиринг
1 доан – линги мурғи обпазшуда
Панир
Майонез
Тарзи таҳия:
Аввал линги мурғи обпазшуда ва тухми обпазшударо майда реза карда, дар зарфҳои алоҳида мегирем.
Помидор ва бодирингро дилаҳояшонро гирифта, пӯсти бодирингро аз тарошак мегузаронем ва пӯсти помидорро майда реза мекунем. Панирро аз тарошак мегузаронем дар зарфи алоҳида мегирем.
Пас аз он дар зарф линги мурғ, тухм ва ними панирро гирифта, майонез мемолем. Дар зарфи хӯришгирӣ хӯришро дар шакли нимдоира мегузорем ва барои ороиш помидорро аз болояш мемонем ва панир мепошем.