Маҳсулоти лозима:
Боқлаҷон-10 кг,
помидор-10 кг,
пиёз-2 кг,
занҷабили булғорӣ-3 кг,
сирпиёз-500 гр,
равғани ширинкарда-2 пиёла.
Тарзи таҳия:
Дар вақти тайёр кардан ҳамаи маҳсулотҳоро шуста ба рӯи дастархон мегузорем. Боқлаҷонро гирд-гирд мебурем ва ба зарф мегирем каме намак меандозем, то ки талхияш барояд. Баъд оби ҷудокардаашро партофта ба даруни дег равғанро ҷӯш карда, онҳоро бирён мекунем ва пиёзро андохта дуяшро як таф медиҳему баъд помидор, занҷабили булғорӣ ва сирпиёзро меандозем. Онҳоро 20 дақиқа ҷӯшонда шибитро меандозем ва як таф медиҳему аловро хомӯш мекунем, банкаҳои 2 литраро 10-дақиқа стериализатсия мекунем сарпушашро 5-дақиқа. Хӯриши тайёршударо ба даруни бонкаҳо андохта ба болои он 1 қошуқ сирко андохта маҳкам мекунем.