Formula novemver 2024
Хӯриши “Рулет”
527

Маҳсулоти лозима:

5 дона – картошкаи обпазшуда,
1 дона – сабзии обпазшуда,
150 грам – ҷурғот,
консерваи ҷугорӣ,
консерваи нахуди сабз,
бодиринги консервашуда,
майонез

                      Тарзи таҳия:
Аввал дар зарф картошкаи обпазро аз тарошак мегузаронем ва 1 қошуқҷа намак пошида, хуб омехта мекунем. Дар зарфи дигар ҷурғот, 1 қошуқ майонез, 1 қошуқча намак, 3донаи сирпиёзро аз тарошак гузаронида, ҳамроҳ мекунем ва хуб омехта месозем.
Қоғази пергаментро тунук мекунем ва картошкаро болояш тунук мекунем.

Соуси омода кардаамонро аз болояш мемолем. Сабзии обпазшударо чоркунҷаи хурд реза карда, аз болояш мерезем. Консерваи нахуди сабз, консерваи ҷугорӣ, бодиринги консервашуда ва гашничро илова намуда, хӯришро мисли рулет мепечонем.

Хӯришро 1 соат дар яхдон нигоҳ медорем. Баъди дам гирифтан хӯришро мебурем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД