Маҳсулоти лозима:
помидор-10 кг,
занҷабили тез мувофиқи хоҳиш,
занҷабили булғорӣ-4 кг,
барги ғор-500 гр,
сирпиёз-2 сар,
намак-600 г,
барги олуча дар як банка 2 дона.
Тарзи таҳия:
Помидори як намуду як андозаро гирифта тоза шуста дар болои дастархон ҷой мекунем. Занҷабили булғориро ба 2 ё ин ки калон бошад 4 қисм булак мекунем. Сирпиёзро тоза карда калон-калон реза мекунем. Банкаҳоро стерилизатсия карда, дар дарунаш укроп, сирпиёз, барги ғор, барги олуча-2 дона агар хоҳед занҷабили булғорӣ меандозед. Баъд аз болояш помидори тайёркардашударо меандозем. Дар зарфи калон обро ҷӯшонда ва ба банкаҳо мерезем ва то хунук шудан яъне 10-дақиқа рӯяшро мепӯшонем. Баъди 10-дақиқа ин обро ба зарф андохта ба он намак ҳамроҳ мекунем ва меҷӯшонем. Вақте ки рассоли мо тайёр шуд, онро боз ба болои маҳсулотамон андохта маҳкам мекунем. Ба ҷои тайёркардашуда чаппа карда мемонем ва болояшро мепӯшонем. Пагоҳ баъди хунук шудани банкаҳо онҳоро рост карда дар ҷои торик (кладовка) ҷой мекунем.