Arzon march 2024
Хӯриши “Фунчоза”
1265

 

Маҳсулоти лозима:

  • 250 грам гӯшт;
  • 160 грам фунчоза (макарон);
  • 40 грам равған;
  • 1 дона пиёз;
  • 1 дона булғории сурх;
  • 1 дона сабзӣ;
  • 1 дона бодиринг;
  • гашнич;
  • пиёзи сабз;
  • пӯдинаи хушк;
  • мурч;
  • намак.

Тарзи таҳия:

Дар зарфе гӯштҳоро реза карда мегирем ва ба дарунаш мурчи тезак, мурчи одӣ, намак ва равған илова карда, омехта мекунем. 30 дақиқа монед, ки дам гирад.

Ба тоба равған рехта, гӯштҳоро ба он мегирем ва 5 дақиқа мемонем, то сурх шавад. Баъдан, ба он 80 грам об илова мекунему 10 дақиқа дар оташи паст меистад.

Пиёзро реза карда, илова мекунем ва намак пошида, таф медиҳем. Сабзиро пӯсташро гирифта, аз сабзигузаронак мегузаронем ва ба дарунаш илова мекунем. Пас аз он булғории сурхро реза карда, илова мекунем ва таф медиҳем.

Дар зарфи дигар фунчозаро мегирем ба он оби ҷӯшомада илова мекунему мемонем 10 дақиқа истад. Баъди 10 дақиқа фунчозаҳоро бо оби хунук обгардон мекунем. Маҳсулоти бо гӯшт омодакардаро ба фунчоза илова мекунем.

Бодирингро дарозак реза карда, ба хӯриш илова мекунем ва омехта мекунем. Ба хӯриш гашнич, пиёз, мурч, хокаи қаланфур ва пӯдинат хушк илова карда, хуб омехта мекунем.

Бо иштиҳои бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД