Маҳсулоти лозима:
- 10 дона тухми обҷӯшида;
- 4 – 5 дона картошкаи обҷӯшида;
- 4 дона сабзии обҷӯшида;
- 300 грам гӯшти мурғ (филе);
- 250 грам панир;
- 250 грам занбурӯғ;
- 350 грам – майонез
- Намак
- Нони хушк (сухарики) барои ороиши болояш
Тарзи таҳия:
Дар аввал картошка, сабзӣ, тухмро дар об меҷӯшонем ва тарошак гузаронида дар зарфҳои алоҳида мегирем. Тухмро зардишаро аз сафедиаш ҷудо карда, алоҳида мегирем. Гӯшти мурғ (филе)-ро дар тоба бирён мекунем ва дароз реза карда дар зарф мегирем. Намакро мувофиқи табъи худ истифода кунед.
Баъдан, дар зарфи хӯришгирӣ дар қабати аввал картошкаро мемонем ва майонез мекунем. Гушти мурғро аз болояш мегузорем ва майонез мекунем. Занбурӯғи консервашударо дар болояш мемонем ва майонез мекунем.
Сабзиро аз болояш мегузорем ва майонез мекунем. Зардии тухмро мемонем майонез мекунем. Панирро аз тарошак гузаронида, аз болояш мегузорем ва майонез мекунем.
Сафедии тухмро дар ҳама тарафи хӯриш мечинем, майонез мекунем ва нони хушкро аз болояш барои ороиш мечинем.
Бо иштиҳо бошед!