Маҳсулоти лозима:
1дона - карам
2 дона – сабзӣ
1 қошуқча – шакар
1 қошуқча – намак
2 қошуқча - равғани растанӣ
Сметана
Майонез
Тарзи таҳия:
Дар зарф аввал карамро борик ва дароз реза мекунем. сабзиҳоро аз тарошак мегузаронем ва аз болояш мегирем. Дар зарфи дигар 5 қошуқ сметана аз ҷои беобияш истифода кунед, сметана бояд сахт бошад. Аз болояш 2 қошуқ майонез илова мекунем. 1 донаи сирпиёзро майда реза карда илова мекунем. 1 қошуқча шакар илова мекунем, якчанд қатра уксус илова мекунем ва хуб омехта мекунем. 1 қошуқҷа намак ва 2 қошуқча равған илова карда хуб омехта мекунем. малҳами омода кардаро ба маҳсулот илова карда ҳамаи маҳсулотҳоро хуб омехта мекунем. Акнун хӯришҳоро дар зарфи хӯришгирӣ мегирем.
Иштиҳои том!