Маҳсулоти лозима:
2 дона – картошкаи обпазшуда
1 дона – сабзии обпазшуда
3 дона – тухми обпазшуда
1 дона – лаблабуи обпазшуда
1 дона – линги мурғ
1 дона - анор
Майонез
Тарзи таҳия:
Дар зарфи хӯришгирӣ гушти мурғро реза карда бо майонез омехта мекунем дар зарф мегирем. Картошкаи обпазшударо аз тарошак (тёрка) мегузаронем, аз болояш мемонем ва майонез мекунем. Сабзии обпазшударо аз тарошак мегузаронем дар зарф мегирем ва майонез мекунем. Тухми обпазшударо реза карда аз болояш мемонем ва майонез мекунем. Лаблабуи обпазшуда аз тарошак мегузаронем ва майонез мекунем. Аз болояш анорро майда карда мемонем.