Як рӯз қабл дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон 2 ноболиғ зери чархи мошин монданд. Тавре ВКД дар иттилоияи худнавиштааст, Мансуров Фирӯз Исматуллоевич бо мошини тамғаи “Форланд” аз самти шаҳраки Ховалинг ба самти деҳаи Лоҳутӣ мерафт, лекин дар гардиши деҳаи Токак аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ду ноболиғи пиёдагард - Ҳусейнов Сафарбек Ҳамидуллоевич ва Хуршеди Ҷамшедро пахш намуд.
Ба иттилои ВКД Хуршеди Ҷамшед ҳамагӣ 9 сол дошт. Ӯ бар асари ин садама ҷароҳати бениҳоят вазнини ҷисмонӣ бардошта, бо ормонҳои кӯдакии дар дилмонда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ҳусейнов Сафарбек Ҳамидидуллоевич бошад, ҳамагӣ 15 сол дорад ва дар ин садама ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоша, айни ҳол дар беморхона бистарӣ аст.
Ронанда Мансуров Фирӯз Исматуллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Ғ. Мирзои ноҳияи Ховалинг мебошад. Мақомоти дахлдор аз рӯйи ҳодисаи мазкур таҳқиқот бурда истодааст.