Фазои Ховалинг бо дуди ғам олудаву осмон ҳам гӯиё мотам гирифааст...
Ғубори ғам бар чеҳраи ёру дӯстон нишаста...
Нолаи зори модару ғиреви зани бахтшикаста ба фалак пичида...
Фарзандони падаргумкарда хун мегирянд...
Гунаҳкори бадбахтии ин ҳама танҳо як шиша аст...
Як шишаи тақдирсӯз, ки ду хонаводаро бадбахту сияҳрӯз гардонд.
Як шишаи қотил, ки ҷони якеро рабуду дигареро гирифтори бало кард.
Оре, беҳуда шариати ислом шаробро ҳаром ҳукм накардааст, зеро як шиша май метавонад ба сари одамизод чандин фалокатҳоро оварад. Далели равшанаш фоҷиаи бар асари мастӣ рӯйдодаест, ки ду рӯз қабл дар Ховалинг рӯй дода, як хонводаро мотамзадаю хонаводаи дигарро дар пушти дари милисахона сарсону саргардон кард.
Шаб буд, шаби тираву тор. Ақрабаки соат ба 12-и шаб наздик мешуд. Бобохӯҷа Қурбонови 32-сола дар ҳолати мастӣ паси чамбараки мошин нишаст. Ин ронандаи шаробхор боварии комил дошт, ки дар ин вақти шаб ба чанги кормандони ГАИ намеафтад, аммо...
Худоро шароб нӯшидани ин бандаи мусалмон хуш наомад ё бар асари мастӣ Бобохӯҷа ҳушёриро аз даст дод, ки ОПЕЛ-ВЕКТРА якбора аз роҳ баромада, ба дарахти азиме бархӯрд.
Ронандаи маст аз зарбаи сахт якбора ҳушёр шуд, аммо аллакай кор аз кор гузашта, мусофир дар мошинаш буда Умед Одинаеви 41-сола дар хуни худ ғарқ гашта, беҳаракат мехобид.
Бо дидани ин манзараи хунин ҳуш аз Бобохӯҷа парид. Кӯшиш кард, оре хеле кӯшиш кард, аммо натавонист ҷони мусофирро наҷот бахшад. Умед Одинаев бар асари ҷароҳатҳои вазнини дар натиҷаи ин садама бардоштааш ҷон ба ҷонофарин супурд.
Ҳамин тавр бо айби ин ронандаи шаробхор як инсони бегуноҳ ин дунёи зеборо абадан тарк гуфт. Аҳли хонаводаи Умедҷон дар сӯги ҷигарбанди хеш хун мегирянд, Бобохӯҷа бошад, аз кашмакаши бисёр ба ҷон расида, намедонад сарашро ба кадом дар занад...