arzon replenishment
Ховак ё қасмоқаки сари кудак. Шустани он мумкин ё не?
647


Қасмоқак ва ё ховаки сар қариб дар ҳамаи навзодон дида мешавад ва он дар баъзан ҳолат мушкили модарон маҳсуб мешавад.

Ҳарчанд навзодро оббозӣ даронем ҳам сараш мисли ношустаҳо чиркин менамояд. Бо мақсади тоза шудани сари кӯдакон онро бо лата ва ё шона тоза кардан мехоҳанд, ки ин комилан хато ва дар баъзан ҳолат ба саломатии кудак хавфнок аст.

Навзод баъди таваллуд аз имунитети модар тӯли як сол “истифода” мебарад. Мубодилаи моддаҳо дар организми навзод нисбат ба калонсолон фарқ мекунад. Дар навзодон ғадуди равғании зери пусташон зиёдтар фаъол аст. Он пустро ба ҳаёти берун аз батнӣ омода мекунад.

Аз ин сабаб пӯсти нолозим ва ё қалахчаҳои сафеду зардчатоб дар сари кудак пайдо шуда, дар мӯйи кудак руст мемонад ва намеафтад. Дар намуди зоҳир ин безеб менамояд, аммо он тамоман хориш ва ё ягон намуди дард надорад. Будани чунин қалахча ба ҳаёт ва инкишофи кудак тамоман халал намерасонад, вале модарон ҳарчи зудтар аз он “халос” шудан мехоҳанд.

Барои тоза кардани ховаки сари кӯдак лоақал нимсоат пеш аз оббозӣ ба мӯйи сари ӯ равған ва ё кремҳои ширӣ молидан лозим. Он пустро нарм ва қалахчаҳоро аз таги сар ҷудо месозад. Ҳангоми оббозӣ он худ мерезад ва ё бо шонаи нугҳояш мулоим шона карда, фаровардан мумкин аст. Ногуфта намонад, ки баъди оббозӣ сари кӯдак комилан тоза шуда бошад ҳам, метавонад чунин қалахчаҳо боз пайдо шаванд ва ин ҷойи нигаронӣ надорад.

Бо мурури вақт, яъне баъди сахт шудани ковокии сар ва комил шудани пӯсти сар он тоза мешавад. Дар баъзе кӯдакон ин амалиёт тӯлонитар ва дар баъзе аз онҳо баъди чилла ховаки сар тоза мешавад, ки ин ба хосияти организми ҳар навзод вобастагӣ дорад.

Дар ҳолати аз ҳад зиёд будани қасмоқак дар сари кудак онро ба дерматолог нишон дода, тавсияи ӯро гирифтан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД