arzon replenishment
Хотироти бевазан (қисми 3)
1761

Давомаш ...

- Хоҳарарӯсам омада маро ба хушдоманам ганда кард. Ӯ гуфт "ин келинат ҳама чиро ба номи худаш карда молу давлати падарамро мегираду туро аз хона меронад. Ба марги муфоҷои падарам ӯ гунаҳкор". Хушдоманам бе ҳеҷ ибо ин тӯҳматро ба гардани ман бор кард. Шавҳарам борҳо аз ман пуштибонӣ кард. Ба эродҳои аз ин пас мекардаи хушдоманам он қадар эътибор намедод вале ҳарфи охирони ӯ вайро маҷбур кард, ки аз ман рӯй тобаду муносибаташро бо ман тағйир диҳад.

-Хушдоманатон чӣ гуфт? Шавҳаратонро латта ё занкалон гуфт?

- Э, не латтаву занкалонгӯиҳо ин сабки хоҳарарӯсам аст! Ӯ шавҳарамро пайваста таҳрик медод, ки маро занад, фарзандонамро озор диҳад. Вале хушдоманам гуфт агар бо занад ҷудо нашавӣ шири додаамро биҳил намекунам.

- Ё тавба чаро баъзе хушдоманҳо бахти бо дасти худ сохтаи фарзандашонро   бо дасти худ нобуд месозанд. Охир хушбахтии фарзандро дидан ин худ бахти бузурги волидайнку! - бо сӯзи ҷон гуфт Марҳабо.

- Бале апаи Марҳабо, вале дар баъзе ҳолат ба зиндагии мо дахолати шахсони севвум зиёд мешавад. Баъзе маврид дар муносибати хушдоману келин ҳамин шахсони сеюм масалан, авсун, хоҳарарӯс, баъзе пайвандон, ё ҳамсоя ва ҳатто хусур ҳам равған рехта оташ мезананд.

- Рост! Фирӯза, худатон гуфтед, ки дар сабру шикебоӣ зоти зан ниҳоят устувор аст. Чаро шумо сабр накардед?

- Ба гарданам хеле зиёд корҳои накардаро бор карданд. Тӯҳмат заданд. Ҳатто ба хиёнат айбдорам карданд. Шавҳарам, ки дар оила ҳаловат намеёфт ба шаробнӯшӣ гузашт. Язнааш ба ҷои он ки ӯро аз ин роҳ боз дорад, ҳар рӯз аз ҳад зиёд шароб менӯшонду боз ба хона меовард. Дар ҳолати мастии шавҳарам як рӯз чашмам, як рӯз гӯшу биниам ва як рӯзи дигар дасту пову миёну гарданам ҳадафи шартаю шӯртаи ӯ қарор мегирифт.

- Чаро ба ягон ҷо муроҷиат накардед?

- Ҳамин суолро ман ба Шумо диҳам. Чаро духтаратон барои ҷуброни азобҳои кашидааш ба ягон ҷо муроҷиат накард?

- Рост гуфтед. Мо рӯй дорем, рӯйхотир мекунем. "Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад" гӯён дам мезанем.

- Бале. Ман ҳам дам задам. Хуллас то замоне, ки шавҳарам алкаш шуда монд, ҳамроҳаш будам. Ҳар рӯз либосҳои дар роҳҳо ҷӯлида, чиркин кардаашро мешустам. Вале ӯ маро ба хиёнат айбдор кард. Зани ду фарзанддорро. Зан ба ҳама чиз сабр карда метавонистааст аммо, тӯҳмате бар хиёнат миёни матонати занро мешикастааст. Ҳамин тавр аз хонаи шавҳарам рафтам. Дар ин байн аз нӯшидани шароби зиёд ҷигар ва шушҳои шавҳарам дардманд шуд. Ба ин ҳам кӣ гунаҳкор!? Албатта келини хона!

-Фарзандонатон хурд буданд?, - суол кард Марҳабо.

- Бале хурд буданд, - оҳи чуқуре кашида Фирӯза гапашро давом дод. - Модарам мурабборо ниҳоят дӯст медоранд. Хоса он мураббоеро, ки бо марминҷон омода шудааст. Чун рӯзе он кас бемор шуданд, як бонка аз он мураббо бурдам. Шавҳарам онро дида будааст. Рӯзе дар ҳолати мастӣ назди фарзандонам гуфт ба мураббои бурдаат норозиям. Аз байн як ҳафта гузашт боз ба дидорбинии модарам рафтам. Модарам наздамон дастархон густурда мурабборо гирифтани шуд. Бечора то ин вақт як қошуқ ҳам аз мураббо нахӯрда будааст. Вақте мурабборо рӯйи дастурхон гузошт писарчаи хурдиям бо забони ширини кӯдаконааш гуфт: - Бибиҷон аз мулаббо нахулед, дадам ноёжи". Ин суханро шунида модарам табассуми талхе карду чизе нагуфт.

- Воқеан ҳам муҳити носозгори оила ба фарзандон таъсир мекунад. Баъзан мо калонсолон ба ҷои оне, ки ба фарзандамон ибрат шавем баръакс онҳоро ба раҳгумиву роҳи бад мебарем, - ба гапи Фирӯза ҳамроҳ шуда гуфт Марҳабо.

- Бале аз ин ҳам аламовараш он ки маро ба хиёнат муттаҳам карданд. Худам бо ҳамин гӯшҳои гунаҳкорам шунидам, ки хушдоманам ҳамроҳи хоҳарарӯсам ба духтарчаам мегуфтанд, ки агар гӯи ки модарам ҳамроҳи марде буд ба ту пул медиҳем, ҳар чизе, ки хоҳи аз мағоза рафта гир. Шукр, ки чашми духтарам аз ҳама чиз сер аст. Ӯ ҳанӯз кӯдак бошад, ба онҳо сахт-сахт нигаристу аз наздашон давида омад. Бе духтарам ҳам борони тӯҳмат ба сарам борид. Хуллас маро аз он хонадоне, ки рӯзе хонаи бахт гуфта бо ҳазор умеду орзуҳо қадам гузошта будам ронданд. Медонед апаи Марҳабо агар як нафарро пайваста айбашро кобед, пеши назаратон доимо хислатҳои манфиашро оваред, имиҷи ҳамон нафар дар тасаввуратон як инсони манфуре мешудааст. Имиҷи маро хоҳарарӯсам ҳамин тавр ба шавҳару хушдоманам нишон дод.

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД