Sebiston new 2024 october
Хотироти бевазан (қисми 2)
1822

Давомаш ...

Инобатхола натавонист аз келинаш барои корҳои кардааш пӯзиш талабад. Ҳамон кибру ғурури тинаташ нагузошт, ки назди келин сар хам кунад.

Аз байн 10 рӯз гузашт. Фирӯза ранҷу азоби кашидаистодаи хушдоманашро дида натавониста ба берун баромад. Дар як кунҷи саҳни боғи беморхона Марҳаборо дида дилаш ором гирифт. Ӯ тез-тез қадам гузошта назди Марҳабо шитофт.

- Салом апаҷон!

- Э Фирӯзаҷон биёед. Хуб ҳастед саломатиатон нағз?

- Раҳмат апаҷон Шумо чӣ ҳол доред. Ҳоли духтаратон чӣ тавр аст?

- Шукр ҳоли духтарам хуб аст. Шавҳараш зуд-зуд омада хабар гирифта истодааст. Чанд вақт аст, ки муносибаташон мисли пештара хуб шуд. Вазъи рӯҳию равонии духтарам ҳам рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Домодам ҳам хатоҳои худро дарк кард. Беморхона омада тамоми хароҷотро пардохт намуд. Аввалҳо ҳатто як маротиба ҳам ба дидорбинӣ наомада буд. Ту духтар таваллуд кардӣ гӯён аз ҳамсараш қаҳрӣ буд. Намедонам чӣ иттифоқе афтодааст, ки домодам ба инсоф шуд. Ӯ мегӯяд беҳтарин ва бузургтарин неъмат ин оилаву фарзанд аст. Шарт нест ӯ духтар ё писар бошад. Хатоҳои худро фаҳмидам... Шояд модараш ҳам хатояшро фаҳмида бошад, шояд аз тӯҳматҳои кардааш пушаймон шуда бошад? Оҳҳҳ намедонам... Хайр инсоф додагиаш рост бошад. Шумо чӣ ҳол доред Фирӯзаҷон ҳоли хушдоманатон беҳтар шуд?

- Мутаассифам, ки не. Доимо аз маргу мир ҳарф мезанад. Хобҳои даҳшатнок дида шабҳо арақ зер мекунад. Ба ман чизе гуфтанист, аммо намегӯяд. Ӯро дида дилам пора-пора мешавад, - ғамгинона гуфт Фирӯза.

- Шояд аз Шумо истиҳола кунад. Эҳтимол лаҳзаҳои охири ҳаёташ буданашро дониста ба шавҳаратон ҳарфи мегуфтаашро гуфтагист!?

- Эҳ... Апаҷон шавҳарамро ҳафт сол пеш аз даст додаам.

- Ҳамдардам. Маро маъзур доред, дардатонро нав кардани набудам.

-Не-не ҳеҷ гап не, хиҷолат накашед. Аслан аз зиндаву мурда будани ӯ ба ман чӣ нафъ!? Ӯ ҳаётамро сӯзонд. Хушбахтат мекунам гӯён маро сиёҳбахту бадном кард. Аслан айби вай ҳам набуд ин ҳама аз пушти дахолати хоҳаронаш буд. Хайр... Мегуянд аз пушти одами фавтида сухани бад намегӯянд ҳарчӣ буд шавҳарам буд. Худо раҳматаш кунад.

-Бовар кунед ман Шуморо нафаҳмидам. Хушдоману шавҳарам дар ҳаққам ноадолатиҳо кардаанд мегӯеду вале хушдоманатонро дар беморхона нигоҳубин мекунед. Боз хушдоманатон ҳам бе Шумо як қулт об наменӯшад?, - ҳайратомез суол кард Марҳабо. Фирӯза табассуми пурдарде карду гуфт:

-Шавҳарам писари ягонаи оила буд. Аз падараш давлату савлати зиёде барояш мерос монда буд. Ҳавлии бузург ва хонае доштем чун қаср. Маро дӯст медошт, ман ҳам ӯро бо тамоми ҳастӣ. Муҳаббат байни мо пас аз бунёди оила пайдо шуду солҳо мустаҳкам монд. Хушдоманам ҳам дар аввал маро чун духтараш дуст дошту қабул кард. Ҳатто аз духтаронаш боло. Рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо ва солҳо гузаштанд, баъди марги хусурам хоҳарарӯсонам ҳар рӯз меомаданду миёни ману хушдоманам низоъ меангехтанд. Баъдан фаҳмидам, ки онҳо бо таҳрики шавҳарашон оилаи ороми моро вайрон карда, ба мероси бузурги хусурам соҳиб шудан мехостаанд. Ҳамин тавр муносибати ману хушдоманам рӯз аз рӯз сард шудан гирифт. Он кас ба шишту хезам гап мезаданд, аз зери нохун чирк кофта аз пашша фил месохтанд. Ҳатто рӯзе бе ягон асос ба рӯям шаппотие заданд. Шумо ҳам зан ҳастед маро хуб дарк мекунед. Охир аз санг ҳам сахтем ҳама чиро таҳаммул мекунем, мебахшем ҳатто барои хушнудии атрофиён аз худ гузар мекунем. Ман ҳам бо умеди "рӯзе ҳамааш хуб мешавад" зиндагӣ кардам. Барои ояндаи фарзандонам ба ҳама гуна хушунат сабр кардам. Вале ҳолат ба ҷои оне, ки хуб шавад рӯз аз рӯз бад мешуд, -гиря гулӯи Фирӯзаро фишурд, ба ёд овардани рӯзҳои сангини паси сар кардааш барояш ниҳоят мушкил буданд. Ӯ ба умри пурғам гузаштааш афсӯс мехӯрд. Чанд қатраи сӯзони ашк аз чашмонаш рехта руяшро шустанд. Бо азоб туфашро фурӯ бурда афзуд.

-Чашми баъзе инсонҳо аз молу давлат сер намешудааст. Ҳирси сарват чашми онҳоро кӯр мекардааст. Барои сазовор шудан ба ҷоҳу ҷалол аз ҳама гуна кори қабеҳ даст намекашидаанд. Медонед рӯзе чӣ шуд? Хоҳарарӯсам омада...

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД