Модараш ба янгааш гуфтааст, ки духтари ман дар хунаш покиву ҳалоливу иффат ҳаст, ҳеҷ гоҳ бо роҳи ҳаром намеравад. Ўро ёфта, ин ороишоти меросиро бидеҳ ва бигў, ки шавҳар кунад.
Маҳваш аз янгаҳояш хост то аз ороишоти табаррукии модар барои худ ёдгорӣ чизе бигиранд, аммо онҳо гуфтанд, ки хушдоманамон дар зинда буданашон ба мо ёдгорӣ доданд. Шаш моҳ пас аз марги модар барои Маҳваш хостгор баромад, ба беморхонаи онҳо духтури дандони нав омаду онҳо бо ҳам шинос шуданд. Султон ҷавонмарди болобаланди зебо ва хушгуфторе буд. Маҳваш ба ў тамоми зиндагияшро як ба як қисса кард. Султон гуфт, ки занаш духтари холааш буду барои фарзанддор нашудан аз ў ҷудо шуда, ба пойтахт омад ва ҳоло иҷоранишин аст. Тўйи онҳо дар тарабхонаи зебое бо иштироки хамкорон баргузор гашт, аз тарафи домоду арўс касе набуд. Султон аз Маҳваш чор сол калон буд, хонаи ҷавонзан аз коргоҳашон дуртар воқеъ буд ва онҳо дар наздикии ҷойи корашон хонаи дуҳуҷрагиеро ба иҷора гирифтанд. Султон мегуфт, ки пул ҷамъ карда, хонаи калонтар мехаранд. Султон барои Маҳваш ҳама кас буд, дўст, дугона, бародар, падар, шавҳар. Ҳамчун шавҳар дар зиндагии якҷоя тине сарф намекард, пули иҷора, хўрду хўрок, барқу об ҳама бар души Маҳваш буданд, аммо ў парвои дунё надошт, ҳамаро нисори ҳамсараш мекард ва ба ҷон ошиқи ў буд. Аммо анҷоми талхе ин афсонаи кўтоҳро интизор будааст.
Як рўзи якшанбе, Султон ҳамроҳи ҳамкорон берун аз шаҳр дамгирӣ рафтанд. Маҳваш нав кору бори хонаро тамом карда, чойи кабуди хушбўй дам карду наздаш табақи шириниҳоро гузошта, назди телевезор нишаста буд, ки дар тақ - тақ шуд. Ў аз чашмаки дар дид, ки зане бо се кўдаки хурдсол пушти даранд, зуд дарро кушода, салом алейк кард. Гумон дошт, ки ниёзмандонанд ва мехост ба модарашон пул ва ба кўдакон ширинӣ диҳад, аммо зан аз дар дарун шуду гуфт:
- Салом, ман зани Султон ҳастам.
Маҳваш каме дасту по хўрд, баъд зану кўдаконро ба хона даровард, чойи заҳри танаш шударо ба пиёлаҳо рехта, ба ду духтарчаи шаш ҳафтсола доду наздашон ширинӣ гузошт ва ба зани дар ҷавонӣ пиршудаи бенигоҳубин, ки шояд аз худашу сару либосаш назди ў шарм медошт, назар кард.
- Ман Савсан ном дорам, бо ишқу муҳаббат бо Султон хонадор шудем, ў маро сахт дўст медошт, ман ҳам. Лату кўби падару модару бародаронамро ба калла гирифтаму аз ў дасту дил нашўстам, волидонам аз ман норизо зери хок рафтанд. Модару хоҳарони ў маро, думгирифтаму беҳаё ву оқипадар мегўянд, танҳо меҳрубониҳои Султон маро дар ин хонадон нигоҳ медошт ва ў ҳам ба ман номеҳрубон шуд. Худаш духтур бошад ҳам, пайи ҳам се духтар таваллуд карданамро айби ман дониста, талоқамро доду худаш ба пойтахт омад, янгаҳоям маро ба хонаашон роҳ надоданд. Хушдоманам ману духтарҳоямро дар ҳезумхонааш ҷо карда, азоби алимро бароям раво мебинад. Авсунам бошад, ҳар рўз “баромада рав” гўён, аз ҳамон ҳезумхонаи заҳ маро меронад. Як рафиқи шавҳарам аҳволамро дида гуфт, ки Султон бо як зани хуб оиладор шудааст, ба наздаш рав, шояд ў ба дардат расидагӣ кунаду ин ҷоҳил як хона бароят харида диҳад. Маҳваш ба ҳоли ин зане, ки қисматаш ба ў монанд буд, намегиристу бас, Савсанро ишқи дониш аз меҳри волидон маҳрум кардаву ўро ишқи як номард. Маҳваш худро ба даст гирифту рафта, аз маркази савдои «Садбарг» барои Савсану духтаронаш либосу пойафзол харид. Онҳо сару рў шўста, либосҳои навро ба бар карда, хурсанду хушнуд буданд, “апаҷон” гўён, ба Маҳваш мечаспиданд. Маҳвашу Савсан дукаса ош пухтанд. Шаб аз нисф гузашт, кўдакон хоб буданду ду зан интизори як мард ва Султон омад. Ў занашро дида, якбора дигар шуд ва “ту маро рўз намедиҳӣ” гўён, як лагад ба миёнаш зад. Маҳваш бори аввал Султонро дар ин ҳолат медид, ўро ба зӯр ором карду ба хонаи хобаш дароварда гуфт:
- Ман бо ту зиндагӣ намекунам, талоқамро деҳ! Ба суд рўзи дигар ариза менависам!
Султони аз худ берун шуда аввал зорӣ кард, баъд фарёд зад:
-Ту фоҳишаи оқипадар ҳам забон баровардӣ?!
Вақте Султон ҷониби Маҳваш мушт бардошт, ҷавоби сазовор гирифт, зеро ҷавонзан ҳанӯз ҳангоми дар курси аввал хонданаш тармим мекард ва нозукиҳои каратэро омўхта буд. Ӯ худи ҳамон шаб либосҳояшро дар ҷомадонаш ҷо карда, ба хонаи худ рафт, Маҳваш нав хонаашро таъмири олӣ карда, ба фурўш гузошта буд. Дарҳол эълонҳои фурўши хонаашро аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта, аз кор рафт.
Дар ҳамин шабу рӯз хабари марги падараш расид, вале аз чӣ бошад, ки ашкаш нарехт, зеро сабаби ҳамаи сарсониҳояшро дар ҷоҳилии падар донист. Вақте дугонааш Хайринисо ба ў гуфт, ки нашъи падарашро тибқи васияташ бар ватани бобоияш бурданд, дар зеҳни Маҳваш як андеша сабз гашт.
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД