Sebiston new 2024 october
Хонаи сарди бефарзанд. (Қисми 2)
18.01.2022
ОИЛА
4825

 

Соҳиби хона бист сол пеш вафот кардааст. Азбаски онҳо фарзанд надоранд, дар ин ҷо касе зиндагӣ намекунад.

Аксари одамони бесарпаноҳ монда ҳамин ҷоро манзил интихоб мекунанд, вале онҳо ба воқеаҳои гӯшношунид рӯ ба рӯ гашта, ин маконро абадан тарк мекунанд.

-Майлаш Одил ҳар чӣ бодо бод.

- Хуб, ихтиёратон.

Одил, Содиқро ҳамроҳаш ба деҳае, ки он манзили пурасрор ҷойгир буд, бурд. Дарвозаи хона аз чӯби кӯҳна сохта шуда бошад ҳам, лекин бениҳоят ороиши зебое дошт. Дар рӯйи ҳавлӣ дарахти калони чормағз ҳам мавҷуд буд. Онҳо аз дарвоза даромада ба тарафи чап рафтанд, ки се хонаи хурди камтар паст мавҷуд буд. Рангҳои тиреза аз нури офтоб парида, фаршаш ҳам шикофиҳои зиёде дошт. Рӯйи ҳавлӣ ки солҳо беназорат мондааст, аз алафҳои бегона пур буд.

Одил баъди нишон додани хонаҳо аз Содиқ пурсид:

-Хӯш Содиқҷон, хона ба Шумо маъқул шуд? Ростӣ камтар кӯҳна шудааст, аммо зиндагӣ карда мешавад.

-Бале, рост гуфтӣ Одил, хонаҳо кӯҳна шудаанд, лекин, маҷбурам, ки ҳамин ҷо зиндагӣ кунам. Дар хонаи хушдоманам зиндагӣ кардани ҳамсарам камтар ноқулай аст. Хубаш дар ҳамин ҷо камтар зиндагӣ карда меистам,- гуфт дар ҷавоб Содиқ.

-Майлаш Содиқ ман набошад Шуморо назди раис мебарам. Бо он кас гуфтугӯ карда ба мувофиқа расед. Аммо гуфта монам, дар ин хона воқеаҳои ғайриоддии зиёд рух медиҳанд. Назар ба гуфти мардум соҳиби хонаро на мурдааш на зиндааш ёфт нашуда будааст. Баъзеҳо мегӯянд, ки мардак барои хиёнати ҳамсараш худашро куштааст, лекин, аз ҳақиқат ҳол касе воқиф нест.

Содиқ худ ба худ фикр кард, ки аз шунидани дашному таънаву маломат дар ин ҷо зиндагӣ кунанд беҳтар аст. Гуфтаҳои занаш ба ёдаш омаданд, ки ӯ гуфта буд: “Модаратон аз аввал якҷоя шудани моро намехостанд, барои ҳамин дар дохили доруҳои Шумо маводҳое, ки имкони фарзанддор шуданро кам мекунад, гузоштаанд. Ба ҳамин восита мехоҳанд моро аз ҳам ҷудо кунанд. Ин гапҳоро ман вақте ки модаратон ба хоҳаратон мегуфтанд, шунидам. Агар мо аз ин хона равем, албатта соҳиби фарзанд мешавем...”

Содиқ суханҳои завҷаашро ба ёд оварда оҳи сарди дарунсӯзе баровард.....

ххххххх

Содиқ ҳасмсарашро бо чизу чораашро ба мошин бор карда, ба деҳа овард. Зарифа дохили хонаро дида, бо таассуф гуфт:

- Дар ҳамин хона зинданӣ мекунем?!

-Як муддат дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем, вақте хона харидем, аз ин ҷо меравем.

-Намеднам аз чи бошад, ки ин хона ба назарам ваҳмовар менамояд,-боз норозигӣ кард ҷавонзан.

-Ҳанӯз ба ин ҷо одат накардаӣ, барои ҳамин хона ба назарат ваҳмовар метобад-ҳамсарашро таскин дод Содиқ.

Содиқ ва Зарифа тамоми хонаҳоро тоза карда, чизу чораи худро ҷо ба ҷо карданд. Дари яке аз ҳуҷраҳо қулф буд. Онҳо хеле талош намуда, билохира қулфи дарро бо азоб кушоданд. Аз сабаби он, ки ягон равзана надошт, ҳуҷра хеле торик буд ва боз дар ин хона...

(Давом дорад)

Абдуғаффор Шодиев

(Тарҷума аз ӯзбекӣ)

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД