«Хонаи одами сафед»
25.01.2026
Oila.tj
95

Дар Австралия шаҳре бо номи Кубер-Педи мавҷуд аст, ки маънои «хонаи одами сафед»-ро дорад. Шаҳр бо санги шишамонанди шаффофаш машҳур аст.

Бо сабаби хеле гарм будани ҳарорати шаҳр (беш аз + 40 С) ва зуд-зуд пайдо шудани регтӯфонҳо, сокинони он дар чуқуриҳои нишебии кӯҳ умр ба сар мебаранд. Дар хонаҳои зеризаминӣ системаи обу корез ва хати барқ гузаронида шудааст. Мағозаҳои китобфурӯшӣ, бинои маъбадҳо ва қаҳвахонаҳо дар зери замин ҷойгиранд. Долу дарахт хеле кам ба назар мерасад.

Барои тамошои шаҳри аҷиби Кубер-Педи ҳар сол сайёҳони зиёде ба ин ҷо меоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД