Arzon march 2024
Хонадомод
27.12.2022
Саломат
2045

 

Ман Саломат ҳастам. Ба кормандони ҳафтаномаи “Оила” саломативу рӯзгори хушро орзумандам. Хонаводаи мо дар маҳаллаи Қазоқони ҳозира зиндагӣ мекарданд.

Дар оилаи мо 5 фарзанд, 2 духтару 3 писар буд, падарамон барвақт аз дунё гузашта буд. Саробони мо танҳо модарамон буд, дар давоми ин солҳо ноилоҷ 2-3 шавҳар кардаву бо меҳнати худ рӯзамонро мегузаронид. Солҳои сипарӣ шуданду мо ятимон калон шудем. Апаам Қурбонгул солҳои 1972-1973 шавҳар карданд. Модарам маро дар ҳавлиямон ба шавҳар дод, яъне шавҳари ман хонадомод шуд. Шавҳарам коргари оддӣ буд, боз баъзе ҳунарҳо низ дошт. Мо дар як гӯшаи ҳавлӣ хона андохта, соҳиби 2 фарзанд шудем, бадбахтона духтарчаамон аз дунё гузашт. Бародарам оиладор шуду рӯзи ман сиёҳ гашт, баъдтар додаронам низ хонадор шуданду ҷангу ҷанҷол дар хонаводаи мо зиёд шуд. Модарамро барои хонадомод кардани шавҳарам сарзаниш мекарданду маро бадбинӣ карда мегуфтанд, ки духтар ҳақи дар ҳавлии падар зистанро надорад. Модарам аз тарси писару келинҳо тарафи маро намегирифт. Фарзандони падарам ҳар рӯз дилсиёҳӣ мекарданд. Ману шавҳарам хонаамонро ба савдо гузоштем, вале ҳеҷ онро фурӯхта наметавонистем. Солҳои 91-92 дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ҳамсояамон Баҳром бо мақсади харидорӣ намудани ҳавлии мо 63 ҳазор рубли “деревянный” пешниҳод намуд. Баҳром ба мо 18 ҳазор дода, ваъда дод, ки боқимондаи пулро баъдтар медиҳад. Шавҳарам боз каме пул дошту ба болои пули додаи ҳамсоя монда, хонаи 1-ҳуҷрагӣ харидем. Ҳанӯз хонаи харидаамонро хариду фурӯш накарда будем, ки ҳамсояамон Баҳром аз раъяш гашту талаби 18 ҳазорашро карда гуфт:

-Ман ин ҳавлии ҷанҷолиро намегирам, пулро баргардонед!

Шавҳарам сари калобаашро гум карда, намедонист чӣ кор кунад. Билохира бо бародарам Раҷаббек гапзанон карда, чунин пешниҳод намуд:

-Ту як умр дар талаби ҳавлии падарат будӣ, беҳтараш ҳавлии моро худат харидорӣ кун.

Раҷаббек аз хешу ақрабои занаш 18 ҳазор пул оварда, ба ҳамсояамон Баҳром доду шавҳарамро ба гап андохта гуфт:

-Биё ба идораи нотариус рафта, хонаро хариду фурӯш кунем, сипас пули боқимондаро медиҳам, -баъдтар фаҳмидем, ки ин ҳама фанду фиреб буда, бародарам ба мақсади чандинсолааш расидааст. Хулоса, имзои шавҳарамро гирифтанду хона ба номи бародарам шуд. Байнамон гуфтугузорҳо шуду мо ба ҷои ҳавлӣ хонаи 1-ҳуҷрагиамонро низ додем. Пас аз чанде дарак ёфтем, ки бародарам якҳуҷрагиро ҳуҷҷати нав карда фурӯхтаасту овоза кардааст, ки хонаамонро баргардонидааст. Бояд қайд намоям, ки ман бо шавҳарам хати загс надоштем, бинобар ин имзои маро ҳангоми хариду фурӯши хона намепурсиданд. Кор то ба суду прокуратура расид. Ноомади корро бинед, ки ҳамсояамон Баҳром, ки барои ҳавлӣ ба мо 18 ҳазор дода буд, гуфтааст, ки ба мо 70 ҳазор додааст. Ҳамсоя бо бародарам забон як карда, бар ивази ин гапи дурӯғаш аз фарзанди падарам замини пушти хонаи маро талаб кардааст. Бародарам хешу ақрабои занаш ва ҳақу ҳамсояҳоро шоҳид гузаронид. Аз ҳама аламовараш ин буд, ки апаам Қурбонгул ва додаронам аз Худо натарсида, дар ин баёнати бардурӯғ шоҳидӣ дода, гуфтаанд, ки язнаамон ҳамаи пулро гирифт. Мурофиаи судӣ ба фоидаи онҳо ҳал шуд. Азбаски писарони бародарам дар Русия кор мекунанду аз онҳо ба фарзандони падарам фоида мерасад, нисбати ман чунин беадолатиро раво диданд.

Хулоса, бародарам бо занаш хурсанду мамнун буданд, ки бо 18 ҳазор ин қадар бурд карданд. Ҳам хонаи 1-ҳуҷрагӣ ва ҳам ҳавлӣ ба номашон шуд. Модарамро чандин бор ба наздам равон карданду гуфтанд, ки барои худ аз мақомотҳои болоӣ хона талаб кунам, вале фарзандони падарам бо сад ҳиллаву найранг хонаи маро аз худ карданду магар аз дигарон умед карда метавонистам? Тавре дар боло қайд кардам, дар ягон ҳуҷҷати хариду фурӯш имзои ман набуд, ноомади корро бинед, ки як-ду ҳуҷҷатамро низ гум карда будам. Рӯзе бародарам маро дар кӯча дида, чунин маслиҳат дод:

-Ҳуҷҷатҳои хонаро тахт куну имзо гузор, то “бомж” нашавӣ, маҳаллаамонро чаппа карда истодаанд.

Фикр кардам, ки Худо ба дили бародарам раҳму шафқат ҷой кардааст, ба ӯ бовар карда, ба архиви Вазорати адлия рафтам имзо гузоштам. Баъдтар фаҳмидам, ки боз фиреб хӯрдаам, яъне мероси падарамро ба бародарам фурӯхтаам. Ин ҳама соли 2019 рух дода буд. 15 сол шуд, ки шавҳарам аз дунё гузаштааст, ману писарам танҳо зиндагӣ мекунем. Писарам 47 сол дораду худам 66-солаам, ноомади корро бинед, ки имсол дар ҳавлиям афтида, поям шикаст. Писарам маро нигоҳубин мекунад. Ногуфта намонад, ки соли 2019 баъди дар ҳуҷҷатҳои архив имзо гузоштанам, аз ҷониби бародараму занаш ким чӣ хел сару садоҳо баланд шуд. Аз гуфтору рафторашон ҳис кардам, ки онҳо марги маро мехоҳанд, инро девори миёни ҳавлӣ тасдиқ мекунад. Охир, дигар ман барои онҳо як дарди сарам, зудтар аз ман халос шудан мехостанд. Лекин қисмат инро нахост, ҳарчанд дар мурофиаҳо бурд карда бошанд ҳам, аммо қонуни иллоҳиро фаромӯш карда буданд. Дар муддати 28-30 сол аз ғайб чӣ қадар ҷазо диданду руҳу арвоҳҳоро ноором карданд, танҳо худашон медонанд. Мақсад аз рӯи коғаз овардани ин моҷарои оилавӣ дар ҳамин аст, ки бигзор сарнавишти ман барои дигарон дарси ибрат шавад. Бигзор ҳама фаҳманд, ки аз рӯи нафси дунёӣ байни фарзандони падар чӣ воқеаҳое рӯй намедиҳад.

Саломат

(Номҳо иваз шудаанд.)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД