Arzon march 2024
Хонаат сӯзад, падарандар!
6014

Шаб аз нисф гузашта буду чашмони аз гиря варамкардаам майли хоб надоштанд. Охир чӣ тавр осуда мехобидам, ки фардо модари якравам ба марди зандоре, ба шавҳар мебаромад. Ҳарчанд зораю таввало кардам, ки маро дар хонаи бобою бибиам монад, модарам розӣ нашуд. «Духтарамро хизматгори дари янга намекунам» мегуфт модарам гаштаю баргашта ва таъкид мекард, ки шӯйи наваш маро тоҷи сар мекунад, вале аз чӣ бошад, ки таги дили ман сип-сиёҳ буд. Модарам хело зани зебою хушчақ-чақ буд ва шояд ҳамин хислаташ ба Фаридун маъқул афтид, ки дар болои зану фарзандонаш ӯро зани дуюм карда гирифтан мехост. Шабро бо андешаҳои мағшуш саҳар кардам. Нав наҳорӣ хӯрда будем, ки Фаридун омаду ману модарамро бурдан хост. Бобою бибиам, ки ба ин издивоҷ розӣ набуданд, ба модарам ҳатто як каф дуо ҳам надоданд.

Зиндони зиндагӣ

Падархондам дар шаҳр хонаеро бароямон иҷора гирифт. Ман нав дар синфи панҷум мехондам, вале эҳсос мекардам, ки дили ин мард пок нест. Падархондамро дӯст намедоштам ва бо ӯ гап намезадам. Шӯйи нави модарам дар тарабхонаи калоне сардор буду модарамро дар наздаш ба кор гирифт. Субҳи барвақт ҳарду ба кор мерафтанду бегоҳ ба хона бармегаштанд. Падарандарам нагузошт, ки таҳсиламро давом диҳам. Модарам ба ҷойи маро пуштибонӣ намудан, тарафи шӯяшро гирифт. Пас аз дубора шавҳар кардан, рӯз то рӯз феълу рафтори модарам дигаргун мешуд. Юбкаҳои кӯтоҳ мепӯшиду мӯи сарашро стрижка карда, худрову худоро фаромӯш карда буд. Ҳар бегоҳ аз кор баргашта мисли моиндар баҳонаҷӯӣ мекард ва баҳудаю беҳуда бо ман ҷанҷол мебардошт. Ба ҷойи зиндагии шоҳонаи ваъдакардааш модарам маро ба ҷаҳаннаме овард, ки риштаи ҷонам дар оташи ғам месӯхт. Ситораам ҳеҷ бо ситораи падарандарам рост наомад, мисли сагу гурба мудом ҷангӣ будем. Аҷибаш он буд, ки он мард фарзанддор шудани модарамро намехост.

 

Дил гувоҳи ҳақ аст

Ман акнун духтари калони зебо шуда будам ва рӯзҳои охир рафтори ноҷои падархондам маро дар ташвиш гузошта, падарандарам аз модарам пинҳонӣ маро ба оғӯш кашида мебӯсид. Ӯро дидан замон дасту пойҳоям дир-дир меларзиданд ва кӯшиш мекардам, ки бо ин пирхари аблаҳ рӯ ба рӯ назанам. Як субҳ ҳангоми ба кор рафтани модарам наздаш рафта бо ашки шашқатор рози дил кардам. «Очаҷон, маро дар хона танҳо нагузоред. Падархондам маро ором намегузорад. Маро танҳо бинад, зӯран ба оғӯш кашида мебӯсад». Модарам ба гапам бовар накарда, баръакс маро дашном дод, ки падарандарамро тӯҳмат карда истодаам ва талаб намуд, ки минбаъд бо шавҳараш муомилаи нағз кунам. Мақсадашро нафаҳмидам. Дар дилам нисбати модарам ҳам нафрат пайдо шуд. Рӯзона дар хона танҳо монда, каме мехуфтам, аммо шабҳо аз тарси падархондам хобам намебурд.

 

Дар чанголи гурги дупо

Рӯзе баъди анҷоми кору бори хона дарди сар азобам доду сари сахтамро ба болин ниҳода, хостам каме хоб равам. Бехобии шабона афгору хастаам карда буд, зуд хобам бурда мондааст. Ногоҳ ҳис кардам, ки дасте сару рӯямро навозиш мекунад. Тарсида бедор шудам. Падархондам луб-лучи модарзод дар барам хобида, сару рӯямро навозиш мекард. Ба тамоми овоз дод задам: «Шумо дар ин нисфирӯзӣ барои чӣ омадед? Аз ман чӣ мехоҳед?» Падари ӯгаям табассуми безебе карда: «Анор мехоҳам, анор» гуфта ба пешобағалам чанг зад. «Аз Худо шарм доред» гӯён аз наздаш гузаштанӣ шудам, аммо он гурги дупо бо як ҳамла маро дубора ба замин афтонд. Илтиҷо кардам, ки маро ба ҷои фарзандонаш донад, вале дили сангинашро гиряву нолаам об карда натавонист. Аз чанголаш раҳоӣ ёфта натавонистам. Падарандари беимони худобехабарам домони покамро доғдор кард. Ашки чашмонам чун хуноба ҷорӣ мешуд, падарандарам бошад, маро ором кунонда мегуфт: «Ин сир байни ҳардуямон мемонад, ҷонакам. Аз ин пас ман туро тоҷи сар мекунам. Модарат туро дар фоҳишахонае бо пули калон фурӯхтанӣ буд, барои ҳамин ин корро кардам. Ман мард шуда кулӯх барин ин ҷо истаму чунин ганҷ насиби дигарон шавад?!» Ифлосиҳои аз падарандари разилам боқимондаро бо чашми гирёну дили хунчакон дар ҳаммом шуста аз хона гурехтам.

 

Тасодуфи бахтовар

Шукр, ки дар дунё инсонҳои нек низ ҳастанд, вагарна ҳоли ман барин роҳгумзадагони пайроҳаи ҳаёт бисёр табоҳ мешуд. Он рӯз дар роҳ бо зане вохӯрда, воқеаро нақл кардам. Дилаш ба ҳолам сӯхт ва маро ба хонааш бурд. Як писару як духтар доштааст. Келинаш бо як духтарчааш қаҳр карда ба хонаи модараш рафтаасту писараш ҷавобашро додааст. «Туро ба ҷои духтарам медонам»,- гуфт, меҳрубонона он зан. Хурсанд шуда, ӯро ба оғӯш гирифтам ва сару рӯяшро бӯсидам. Тамоми кору бори хонаро ба ӯҳда гирифтам. Рӯзҳои аввал аз писараш Умед шарм медоштам, вале оҳиста-оҳиста бо ҳам унс гирифтем. Худро дигар бегона ҳис намекардам. Рӯзе соҳибхона духтарашро хабаргирӣ рафту аз он ҷо бо табъи болида баргашт. Аз нақлаш фаҳмидам, ки бо духтараш маслиҳат карда маро бо Умед хонадор кардан мехостааст. Ҳамин тавр риштаи тақдирам бо Умед пайваст. Худро хушбахттарин инсон меҳисобидам. Духтари меҳнатӣ, ки будам, дар муддати кӯтоҳ заминҳои наздиҳавлигии хушдоманамро ба боғу гулистон табдил додам. «Дастони меҳнатият ҳаргиз дардро набинанд, келинҷон» гӯён модари шавҳарам маро дуои нек медод.

 

Модарбезор

Бо гузашти солҳо соҳиби як духтару як писар гаштам, вале аз модари бероҳаам хабаре надоштам. Рӯзе ҳамроҳи шавҳарам ба бозори «Корвон» рафтем. Ҳангоми аз роҳи одамгузар гузаштан, чашмам ба зани миёнасолае афтид, ки дар байни роҳ нишаста аз одамон садақа металабид. Вақте ки чашмам ба чашмаш бархӯрд, гӯё маро барқ зада бошад, тамоми вуҷудам ларзид. Модарам буд гадозан. Чандин сол аз дидораш маҳрум ва меҳру муҳаббати модариашро фаромӯш карда бошам ҳам, ҳоли зорашро дида дилу ҷигарам ба сӯзиш даромад, аммо натавонистам бубахшамаш. Намехостам Умед модарам будани гадозанро фаҳмад, аз ин хотир зуд рӯямро ҷониби дигар гардонда, аз он ҷо каме дуртар шудам. Ногоҳ чашми модарам ба ман афтид ва «духтарам, духтарҷонам ист» гӯён гиряолуд аз пасам фарёд зад. Қадамҳоямро тезтар карда, хостам дар миёни тӯдаи одамон нопадид шавам, вале модарам девонавор селаи одамонро тела зада «духтарам» гӯён, худро ба оғӯшам ҳаво дод. Умед аз дидани ин манзара дар ҳайрат монд. Ман гӯё ӯро намешинохта бошам, модарамро тела дода аз худ дур кардам.

-Магар ин зан модари ту аст?-пурсид Умед.

-Не, дурӯғ мегӯяд, аз афташ девона аст,-гуфта оҳи сард кашидам.

Модарам боз аз замин бархоста «духтарам, наход маро нашинохта бошӣ?» гӯён ба ман часпид.

-Гиред ин девонаро,- гӯён ӯро як сӯ тела додам ва зуд аз он ҷо ғайб задам.

Фишори хунам баланд шуд, дигар чизе нахарида ба хона баргаштем. Умед маро саволборон мекард, ки чаро он зан чунин кард, шояд модарат буд, вале ман ду поямро ба як мӯза андохта, қасам мехӯрдам, ки он гадозанро намешиносам.

Ҷазои Худованд

Субҳи барвақт аз хона берун шудам. Сарам чарх заду якбора аз зинапояҳои баланд ба замин афтидам. Ҳар ду дастонам аз бозуям шикаст. Бо ду дасти баста муҳтоҷу мунтазир шудам. Духтарам бароям хӯрок пухта, маро нигоҳубин мекард. Хатои содиркардаамро дарк кардам. Модарамро бо зарда тела дода аз худ дур кардаму ҷазоямро аз Худованд дидам. Дилам аз ғам лабрез гашта, Умедро ҷеғ задам ва ҳақиқатро ошкор сохтам. Гуфтам, ки дар ҳақиқат он зан модарам буд, вале ман нахостам туро бо ӯ ошно созам. Шавҳарам ба ғазаб омада дод зад:

- Чаро ин корро кардӣ! Чаро худро дар банди азоби Худо гирифтор кардӣ? Ҳозир ман рафта ӯро ба хона меорам! Умед чанд рӯз дар ҷустуҷӯи модарам саргардон шуд, вале ӯро пайдо карда натавонист.

Маро бубахш, модар!

Эй модари азиз! Дастоне, ки тани нозукатро аз худ дур карданд, имрӯз шикастаю маҷруҳанд. Маро бубахш, ки дили бузурги саршор аз меҳру муҳаббататро озор додам. Лаънат ба ҳамон падархонди номард, ки моро аз ҳам ҷудо кард ва туро дар нимароҳи зиндагӣ тоқаю танҳо гузошта рафт. Маро бубахш, ки имрӯз аз нокомиҳои қисмат қоматат хамидаву мӯят барфранг ва рӯи пурнурат пурожанг гаштааст. Ҳар куҷое бошӣ, дар қалби ман ҳамеша зебою ҷавонӣ модарҷон!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД