Сокинони деҳаи Новопетровское аз ноҳияи Истраи вилояти Маскави Русия хонаи истиқоматиеро, ки аз шишаҳои куҳнаи шампон сохта шудааст, нодиртарин дастоварди маҳаллӣ медонанд.
Идеяи сохтани хона аз қуттиҳои шишагӣ соли 1973, замоне пайдо шуд, ки оилаи Муравёвҳо дар ноҳияи Истра хонаи хурдеро харидорӣ намуданд. Масоҳати хона ҳамагӣ 14 метри мураббаъ буд. Михаил, сардори оила, ки шахси фавқуллода буд, қарор дод, ки аз шишаҳои шампон хона бисозад. Барои бунёди хона 4 сол вақт ва 14 ҳазор шиша сарф шудааст. Михаил ҳар як шишаро бо арзиши 5 копееки русӣ харидааст.
Аз бунёди ин хона зиёда аз 40 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, он ҳанӯз пойбарҷо ва ба назар нав барин менамояд. Барои бехатарӣ ошёнаи дувуми хона аз чӯб бунёд шудааст.
Аввалин бор чунин хонаҳо дар Фаронса ва Ҷопон сохта шудаанд.