Лаки Даймонд Рич, марди новозеландӣ ҳанӯз соли 2006 ҳамчун одами саропо холкӯбишуда ба китоби рекордҳои Гиннесс дохил гашта буд. Ҷисми Лаки Даймонд 100 % аз холкубӣ пур аст, аз ҷумлаи узвҳои ҷинсӣ, гӯшҳо, атрофи чашм, даҳон ва дигар қисмҳои баданаш.
Худи Лаки мегӯяд, ки чанд қабати баданаш холкубӣ карда шудааст, яъне 350 % танаш. Холкӯбиҳои Даймонд чандқабата буда, устоҳо аз болои ранги сиёҳ сафед молида, баъдан боз ранги сиёҳаш мекардаанд. Ин намуди холкӯбии бадан body suit ном дорад. Лаки Даймонд дар сирку кӯчаҳо тани пурнақшашро намоиш дода пули калон кор мекунад.
Ин марди аҷиб ҳатто теғу шамшерро фурӯ мебарад.