arzon replenishment
Холаам писарашро ба модарам доду душмани ҷонамон гашт
05.08.2024
САИДА
994

Салом! Мо дар оила 4 духтар ҳастем. Падарам инсони хубанд ва боре ҳам ғурбат намекарданд, ки ту фақат духтар зоидӣ, вале модарам ғамгин мешуданд, ки писар надоранд.

Ба апаи калониям хостгор омаду падарам «инсонҳои хуб менамоянд» гўён, розигӣ доданд. Рўзи тўйи апаам холаам ба модарам гуфт, ки ҳомиладор аст ва тифли батнашро исқот карданист, чунки шавҳараш дар ягон ҷо кор намекунад ва худашон ба нони хӯрдан зоранд. Модарам “ба хуни як кӯдаки бегуноҳ зомин нашавед, даркор набошад, таваллуд карда ба мо деҳ” гуфтанд ва холаам хурсанд шуда, ваъда дод, ки хоҳ писар бошаду хоҳ духтар, баробари ба дунё омадан тифлакро ба мо медиҳанд.

Ба бахти мо, тифл писарча будааст. Модарам аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид ва «мо аз ту як умр қарздорем» гуфта, ҳар чизи ёфтаашонро ба хоҳараш дода, сад бор садқаю бандааш мешуд.

Хулоса, волидонам ба шарафи писардор шуданашон тўй доданд ва кӯдакро ба ному насаби худашон ҳуҷҷат карданд. Ҳамаамон шод будем, ки додарчадор шудем, вале баъди он ки кӯдак роҳгардону сухангӯй шуд, холаам пушаймон шуда, қиёматро қоим кард, ки бачаи маро гардонда диҳед.

Хулоса, апаю хоҳар аз пушти кӯдак душмани ҷони ҳамдигар гаштанд. Холаам ҳатто хотири фарзандпадариашонро накарда, ба модарам чунон гапҳои сахте мезад, ки мисли корди тез аз устухони кас мегузаштанд. Модарам “кўдакат, ки бароят ин қадар азиз буд, барои чӣ дар ду-се рўзагиаш нагирифтӣ, ки ман ба вай ин қадар сахт дил набандам, ту бо беаҳдиат маро девона кардӣ, мефаҳмӣ ё не?» гуфта, зорию тавалло мекард, ки лахти ҷигарашро аз банди дилаш канда нагирад, вале...

Холаам ҳар рӯз ба сарамон меомад, ки бачаи маро диҳед. Модарам сахт ба ин кӯдак дил баста буд ва чӣ кор карданашро надониста, зор-зор гиря мекард.

Оқибат косаи сабри падарам аз ҷангу ҷанҷоли холаам лабрез гашт ва ба нолаю зориҳои модарам нигоҳ накарда, писари зархаридашро бароварда дод.

Аз афташ дили Худованд ҳам ба ҳоли зори модарам сўхт, ки ҳамон моҳ ҳомиладор шуданд ва нуҳ моҳ пас писарчаи зебоеро ба дунё оварданд. Ҳамин тавр модарам дар 45-солагӣ соҳиби писар шуд, вале дидаву рӯйи холаам монд.

Ба занҳо гуфтаниям, ки пеш аз фарзандашонро ба касе додан нағзакак андеша намоянд, то зани дигареро навмед ва гирёну нолон насозанд. Кўдак лўхтак нест, ки ҳар гоҳ дилат хост, ба касе ҳадя кунӣ ва боз ҳар гоҳ дилат хост, дубора кашида гирӣ. Модаре, ки бо ранҷ тифлро мепарварад, на камтар аз модаре, ки нўҳ моҳ дар батнаш ўро гирифта гаштааст, он кўдакро дўст медорад. Навмед намудани чунин модар гуноҳест нобахшиданӣ!

САИДА, аз шаҳри Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД