Ман дар оилаи серфарзанд ба дунё омадааму фарзанди кенҷагӣ ва бетолеътарин ба шумо меравам. Яксола нашуда будам, ки давлати советӣ барҳам хӯрда, ҷангу ҷидол ва қаҳтию гуруснагӣ сар шуд.
Ёдам ҳаст, ки чӣ тавр падари раҳматиам барои чор дона хлеб шабҳо то саҳар навбат мепоид ва субҳ нонро ба хона оварда, ба ҳамаамон як бурдагӣ тақсим мекард. Аксар вақт ба падару модарам нон намерасид, бечораҳо гуруснаю ташна менишастанд, то мо, фарзандонашон аз гуруснагӣ намурем. Зиндагиамон, ки аз аввал пуразоб буд, ҳаёти душвори падару модари бесаводамро дида, ман пеши худ мақсад гузоштам, ки албатта хонда, соҳиби обрӯ ва ному нон мешавам, вале холаам ба рӯйи ҳама умеду ормонҳоям хати батлон кашид. Модарам дар бисоташ ҳамагӣ як апа дошт ва вақте ки холаам барои писараш маро хостгорӣ намуд, хоҳишашро рад карда натавонист. Ҳарчанд гиряву нола кардам, ки ман нав ба 17 қадам гузоштааму ҳоло вақти шавҳар карданам нест, бояд аввал хонам, касбу кор омӯзам ва равиши хонадориро омӯзам, касе садои диламро шунидан нахост. “Духтара чию хонданаш чӣ” гӯён, волидонам маро ба писари холаам ба шавҳар доданд, то риштаи хешу табориашонро мустаҳкамтар созанд, вале...
Хола ба ҷои модар нест!
Холаам то тӯй сад бор садқаю бандаи қаду қомати баланду чашму абрӯвони зебо ва дастони пурҳунари ман мегашт, вале баъди он, ки ҳамчун келин ба остонааш қадам гузоштам, муносибаташ тағйир ёфт. Аллакай субҳи рӯзи дуюми арӯсиам хола-хушдоманам маро соати чори саҳар аз хоб бедор карда гуфт:
-Ин ҷо хонаи очаат нест, ки то нисфирӯзӣ баҳузур хоб кардан гирӣ, минбаъд ҳар рӯз пеш аз намоз хеста, барои мо оби таҳорат мегирӣ ва тамоми кору бори хонаро мекунӣ!
Тӯри арӯсӣ дар сар бо аломати ризо сар ҷунбондам.
Духтарҳои тайёрхӯр
Холаам мисли модарам серфарзанд, аниқтараш соҳиби 8 духтару 2 писар аст. Келини калониаш аз ҷабру ситами хоҳаршӯйҳо ду кӯдакашро партофта, рафта буд ва парастории бачаҳои зиндаятими вай низ бар дӯши ман афтид. 5 хоҳаршӯям ба шавҳар баромада бошанд ҳам, танҳо ду нафарашон дар хонаҳои худашон ҳастанд, 3 қайсингилам аз шавҳар ҷудо шуда дар хонаи падарашон зиндагӣ мекунанд, шавҳари яки дигараш қариб 10 сол боз дар Русия бе ному нишон аст. Хулоса, шаш хоҳари шавҳарам дар ин хона зиндагӣ кунанд ҳам, дасташонро ҳатто ба оби хунук намезананд. Корашон рӯз то бегоҳ худро орову торо додан ва ғайбат кардан аст.
Келин ё канизак?
Нигоҳубини гову мол, хонаю ҳавлирӯбӣ, хӯрокпазӣ, нонпазӣ, ҷомашӯӣ, хулоса тамоми кору бори ин хонаводаи калон танҳо ба зиммаи ман аст. Аз соати 4-и субҳ то12-и шаб ҷумбуҷӯл мекунам, вале дар тӯли 10 соли зиндагиам на аз шавҳарам ягон бор сухани хуб шунидам, на аз модару хоҳаронаш, ҳамеша ягон айб монда, як пора нони мехӯрдаамро дар танам заҳр мекунанд...
З. М.