Салом! Ман чандин сол боз орзуи зиёрати Хонаи Каъбаро дорам, вале бо сабаби надоштани шароити иқтисодӣ ин орзуямро ҳеҷ амалӣ карда наметавонам. Чанд шаб боз хоб мебинам, ки оби зам-зам нӯшида истодаам. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.
ОМИНА, ш. Норак
Посух:
- Шумо бисёр хоби хуб дидаед. Дар хобномаҳо омадааст, ки оби соф дар хоб ба покӣ ишорат мекунад. Махсусан нӯшидани оби зам-зам дар хоб фоли нек аст. Касе хоб бинад, ки дар сарзамини муқаддас нишаста, оби зам-зам нӯшида истодааст, бояд шод шавад, зеро дидани чунин хоб на ба ҳар шахс муяссар мегардад. Бояд гуфт, ки нӯшидани оби зам-зам яке аз шартҳои муҳимтарин ҳангоми зиёрати Хонаи Худо мебошад, вале дар хоб ин об ба илми илоҳӣ ишорат мекунад. Кас, агар дар хобаш оби зам-зам нӯшад, донандаи хуби каломи худованд ва соҳиби обрӯю эътибор мегардад ё илми дигареро аз худ менамояд, ки барои мардум ниҳоят судманд буда, бо воситаи ҳамон илмаш савоби зиёдеро Худованд дар дафтари аъмолаш менависад.