Замира акнун ҷорӯб ба даст ба хонааш даромаданӣ шуд, ки ин дам хоҳаршӯяш давида омада, аз дасти ӯ дошт.
- Исто янга, канӣ ҷавоб те, ту ба акаам маро хабар кашидӣ?
- Чиро хабар кашидам?
- Дар хона набуданамро.
- Не, ман ба ту коре надорам. Девонаӣ, дасти маро сар бидеҳ.
Аммо Низора аз мӯйи сари ӯ кашида, бо шатта якто ба шикамаш зада афтонду дод зад:
- Канӣ қасам хӯр!
- Cар те маро, ман ба ту кордор нестам. Тифли шикамамро озор надеҳ.
- Ана ба ту, мана ба ту,- Низораи бузургҷусса бо шатта ба шиками янгаи нозукҷусааш мезаду мезад.
Ногаҳон янгааш аз ҳаракат монд. Низора тарсида, янгаашро кашола карда ба хонаи хобаш дароварду сару рӯяшро аз хок тоза карда, болояшро бо кӯрпа пӯшонд. Худаш ба ҳавлирӯбӣ даромад.
Баъди тахминан ним соат акааш аз кор омада, пурсид:
- Зани ман канӣ?
- Чун ҳарвақта хонаба.
Акааш чизе нагуфту ба утоқи хобаш даромад. Аммо арӯси 8-моҳаашро бо банди овезон карахту сард дар шифти хона дид. Доду фарёд бардошт. Ба беморхонаи ёрии таъҷилӣ бурданд Замираро. Аммо аз зиндагӣ осоре набуд дар вуҷуди ӯ.
Низора ба кормандони полис баёнот дод, ки янгааш девонакасал буд. Ин фикри ӯро падару модараш ҳам шоҳидӣ доданд.
Баъди марги Замира якбора Низора ба касалии махав печид. Тамоми баданаш пури доғҳои сафед шуд. Ҳама аз ӯ ҳазар мекарданд. Ҳоло Низораи махав мегӯянд ӯро атрофиён...
Ҳамсоя, ки чӣ тавр задани ӯро ба шиками Замира дида буд, виҷдонаш тоқат накарда, ба кормандони полис омада шикоят кард. Вале волидайни Замираи ғӯрамарг гуфтанд, ки ӯ алакай аз ҷониби Худованд ҷазояшро дидааст.
Оре, Худованд дар ҳамин дунё ҷазои одами бадро медиҳад.
Бигузор дар ҳама оила хоҳаршӯ дар хонаи шавҳари худ бошаду ба ҳаёти ширини акаву янгааш халале нарасонад.
Шаҳлои НАҶМИДДИН