Духтаракони сангчабоз
Онҳо-духтарони ба мӯйҳояшон ҷамолакбофтаи деҳа сангчабозӣмекарданд. Ду духтарак панҷ дона сангчаҳои ҳамворакаки аз нахӯд каме калонтарро интихоб карда, бобати бо навбат ин сангчаҳоро ба боло партофта доштан, ба замин пошида, як донаашро ба боло партофта, то баргашта афтидани он сангчаҳои ба замин пошхӯрдаро бо маҳорат ҷамъ карда гирифтан мусобиқа мекарданд. Духтаракон чунон машғули бозӣмешуданд, ки ҳатто фаро расидани шом ва вақти бозгашти пода, номҳои онҳоро гирифта фарёд кардани модаронашон, гови аз пода баргаштаро макидани гӯсолаи касеро ҳам эҳсос намекарданд. Дар миёни духтарони сангчабоз касе ба Ҷумъагул баробар шуда наметавонист. Дастони вай ба ин бозӣчунон мутобиқ шуда буданд, ки дар назари дугонаҳояш ангуштони Ҷумъагул беустухон метофтанд…
Парвози хаёл
Дар балкони қабати ҳафтуми бинои нуҳошёна истода, хаёли Ҷумъагул ба ҳамон солҳои дури кӯдакӣпарвоз мекард. Шаб аз нисф гузашта, пардаи торикӣ ба сари шаҳр чодари зангор кашида буд. Шунида буд, ки дар осмони шаҳр ситораҳо чандон равшан наметобанд, аммо шояд аз сабаби канори шаҳр буданаш бошад, ахтарон чунон медурахшиданд, ки Ҷумъагул ситораҳоро ба сангчаҳои сангчабозии замони кӯдакиаш монанд карда, майли чиданашон менамуд…
Бозии нотамом
Ҷумъагул бо маҳорат сангчабозӣмекард. Ба бозии ӯ ҳатто наварӯсони ҳамсояҳо бо завқ менигаристанд. Ҳамон рӯзи наҳс ҳам Ҷумъагул сангчабозӣдошт. Ҷумъагули аз рақибаш хеле пешгузаштаро ба хонаашон фарёд карданд, аммо вай ҳеҷ ба хона рафтан намехост. Холаҳояш ҳамон рӯз ба хонаашон меҳмонӣомада буданд, вале аз сабаби духтарашро ҳамроҳаш наовардани холааш духтарак ҳеҷ ба хонаашон рафтан намехост. -Ҷумъагул, биё, духтарам, ба хона равем,-холааш бо қавоқҳои сурхшуда ӯро барои ба хона рафтан водор мекард.
-Боз каме бозӣкунам, холаҷон, баъд меравам,-Ҷумъагул ҳамоно аз бозӣ дил канда наметавонист.
-Модарат туро дидан мехоҳад.-Аз чӣбошад, ки холааш нигоҳашро аз вай гурезонда, ба гӯшае нигариста сухан мегуфт.
Ҷумъагул ноилоҷ бозиро нотамом монда, ба холааш ҳамроҳ шуд.
Охирин дидори модар
Модараш чанд вақт боз бемор буд. Дар беморхона табобат мегирифт, лекин шояд фоида накард, ки модараш ба хона баргашт. Ду ҳафта боз хонаашон серодам аст. Модараш аз бистари хобаш намехезад. Занҳои деҳа бо навбат ба аёдати модараш меоянд. Холааш ба хонаи худаш нарафта модарашро нигоҳубин мекунад. Ҷумъагул бемор будани модарашро донад ҳам, барои ӯ нисбати дар хона дар паҳлӯи очаи касалаш нишастан дар кӯча бо духтаракон сангчабозӣкардан бештар маъқул буд.
Дар атрофи модараш якчанд пиразанҳои деҳа менишастанд. Рухсораҳои модараш суп-сурх шуда, варамида буданд. Вай вазнин-вазнин нафас мегирифт. Номи Ҷумъагулро шунида чашмонашро кушод. Аз чӣбошад, ки нигоҳи ҳамеша дурахшони ӯ маҳзун буд.
-Духтаракам,-гуфт модараш базӯр пичиррос зада ва барои сила кардани сари Ҷумъагул дастони бемаҷолашро дароз кард.-Ба киҳо рӯзат мемонад акнун…
Ашкҳои аз чашмони модараш ҷоришуда аз бари рӯяш ба бистараш шорида болиштро тар карданд.
-Кӯдакро натарсонед, ҳамсояҷон,-модарашро насиҳат кард Руқиябибии аз хонаи онҳо як хона он тараф зиндагӣмекардагї.-Нияти хуб кунед, ҳоло тӯйи Ҷумъагулро мебинед.
-Духтарам, духтарҷонам…- модараш пичиррос зада чизе гуфт, вале чӣгуфтани ӯро Ҷумъагул фаҳмида натавонист.
Тамоми фикру ёди духтарак ба сангчабозӣ банд буд. Мехост зудтар аз ин ҷо баромада раваду бозии нотамом мондаашро давом диҳад…
Фардои ҳамон рӯз модарашро ба тобут андохта, ба қабристони дар теппаи қишлоқ воқеъбуда бурданд. Ҷумъагул қатори дигарҳо гириста бошад ҳам, абадӣбудани ҷудоиро бо қалби кӯчаки кӯдаконааш эҳсос карда наметавонист. Ба назараш чунин менамуд, ки модараш ба зудӣбаргашта меояд, вале афсус, ки чунин нашуд…
Очаи нав
Аз марги модараш муддати зиёде нагузашта падараш барои ӯ очаи нав овард, вале Ҷумъагул ба ин зан меҳр баста натавонист. Ягона тасаллои дили ин ятимча духтари моиндараш Наргиси аз Ҷумъагул 3-4 сол хурдтар буд. Акнун ӯ тамоман вақти сангчабозӣкардан надошт. Моиндараш тамоми кору бори хонаро бар дӯши Ҷумъагули хурдакак бор карда, бар замми ин, талаб менамуд, ки духтараш Наргисро бозӣ доронад. Очаи навашро Ҷумъагул «Она» гуфта ҷеғ мезад. Онааш ба ӯ боз чанд додарча таваллуд карда дода бошад ҳам, Ҷумъагул ба Наргис меҳри хоса монда, ӯро аз ҷонаш бештар дӯст медошт…
Қосиди хурдакак
Солҳо турнасон гузаштанду Ҷумъагул синфи даҳро хатм кард. Наргис нав дар синфи шашум мехонд, вале як дақиқа ҳам аз вай ҷудо намешуд. Ба шабнишинии мактабро хатм кардани Ҷумъагулино ҳамдеҳаҳои дар шаҳр таҳсил мекардаашон ҳам омаданд. Дар ҳамон нишаст тасодуфан чашми Ҷумъагул ба чашмони Рустам бархӯрд ва дар дилаш нисбати ин ҷавони рустамбозу якбора ким-чӣхел ҳиссиёти нофаҳмое пайдо шуд. Онҳо танҳо чанд сухан радду бадал карда бошанд ҳам, симои Рустам акнун аз пеши назари Ҷумагул дур намешуд…
Ҳамин тавр онҳо мисли Лайлию Маҷнун ошиқи шайдои ҳамдигар гаштанд. Ҷумъагул вазифаи қосидро иҷро карда, аз падару модараш пинҳонӣ номаҳои ошиқонаи Рустамро ба Ҷумъагул меоварду мактубҳои ҷавобии ӯро ба дӯстдоштааш мерасонд. Хоҳараш Наргис ба ҳамрози ягонаи ӯ табдил ёфта буд ва Ҷумъагул аз ӯ чизеро пинҳон намедошт, вале…
Домоди шаҳрӣ
Тӯйи Рустам ва Ҷумъагул бидуни ҳашамати зиёдатї, бисёр оддӣ гузашта бошад ҳам, Ҷумъагул худро хушбахттарин арӯси дунё эҳсос мекард. Барои вай дар канори Рустам будан аз тамоми давлату сарвати олам қимматтар буд, вале аз тӯяшон ҳанӯз як моҳ нагузашта, шавҳараш ӯро монда ба шаҳр барои идома додани таҳсилаш рафт. Ҷумъагули ҳанӯз арӯсакро хумори дидори Рустам мегирифт, вале ба ҷуз Наргис дигар ба касе дарди дил карда наметавонист. Наргис қариб ҳар рӯз ба хонаи апааш меомад ва ҳарду соатҳо дар бораи Рустам гап-гап мекарданд. Ҷумъагул умедвор буд, ки шавҳараш дипломашро гирифта ба деҳа бармегардад, аммо ғайри чашмдошти ӯ шавҳараш баъди хатми донишкада дар шаҳр монд, то бо кори илмӣ машғул шавад. Падару модараш борҳо ба ӯ гуфтанд, ки ягон хонаи иҷора гирифта занашро ҳамроҳаш ба шаҳр барад, вале Рустам кам будани маош ва набудани шароитро баҳона карда, сарпечӣ намуд. «Каме сабр кун ҷонакам, ҳамин ки хона харидам, ҳатман туро ба шаҳр мебарам» чашмони Ҷумъагулро бӯсида, ваъда медод Рустам,-он гоҳ шоҳбону барин зиндагӣ мекунӣ….
Ҷумъагул аз ваъдаҳои шавҳараш курта-курта гӯшт гирифта, дар ҳар намозаш дуо мекард, ки Худованд зудтар Рустамро ба муроди дилаш расонда, соҳиби хона гардонад, бехабар аз он ки бо амалӣ гаштани орзуҳои азизи дилаш бахти ӯ ба завол мерасад…
Меваи ишқ
Ҷумъагул писар таваллуд кард. Волидони Рустам набераашонро Сӯҳроб ном гузоштанд. Акнун Ҷумъагул рӯзи дароз бо Сӯҳробаш овора буд ва барои дар бораи шавҳараш фикр кардан қариб, ки фурсат намеёфт, вале дилаш ба умед буд, ки падари фарзандаш ӯро бо худ ба шаҳр мебарад. Дар ин миён Наргис синфи даҳумро хатм карда ба шаҳр хонданӣ рафт. Ҷумъагул аз дурии хоҳараш зиқ бошад ҳам, Худоро шукр мегуфт, ки Наргис ба орзую ҳавасаш расида донишҷӯ шуд, аммо…
Хушхабари тақдирсӯз
-Рустам- акаам аз канори шаҳр хонаи дуҳуҷрагӣгирифта будааст,-хабар овард Наргис ҳангоми ба таътили зимистона омаданаш бо чашмони дурахшон.-Хонааш андаке баландтар, дар ошёнаи ҳафтум бошад ҳам, кушоду барҳаво будааст. Тирезааш ба ҷӯйи кӯл кушода мешавад. Аз балкон манзараи зебои кӯлро тамошо карда дили кас кушода мешавад…
Хоҳараш дигар чиҳо гуфт, Ҷуӯъагул ёд надорад, зеро бо шунидани хабари кайҳо дар шаҳр хона харидани шавҳараш саволҳои зиёди печ дар печ мисли селаи замбури ало якбора ба майнаи ӯ ҳуҷум карданд: Чаро Рустам хона хариданашро аз вай пинҳон дошта, ягон бор дар ин хусус даҳон накушод? Онҳо аллакай ду фарзанд доранд, пас барои чӣ шавҳараш намехоҳад, ки Ҷумъагулу бачаҳояш дар наздаш бошанд…?
(Давом дорад)
п
х
харида бошад ҳам, инро аз вай пинҳон доштаастдар аз балкорн ва гуфт чашмонаш дурахшида Наргис дар вақти маротибае омадамнаш.- Дуруст, қабати ҳафтуми хонаи нуҳошёна хеле баланд ба ҳисоб меравад. Лекин аз сабаби кор карда истодани лифташ қабати ҳафтум буданаш ҳам эҳсос намешавад.
Ҷумъагул аз сабаби ҳеҷ гоҳ аз деҳа ба берун набаромаданаш хонаҳои бисёрошёнаро чандон тасаввур карда наметавонист. Фақат дар телевизор дидаҳояшро ба ёд меовард.
Оустамакааш дар ду моҳи баъдӣумуман ба хабаргирии онҳо наомад. Ҷумъагул Рустамро хеле пазмон шуд. Ба замми ин Сӯҳроб ва Ҷамшеди қадашон ёзида ҳам зуд-зуд падарашонро пурсон шуда ба ҳолу ҷонаш намемонданд.
-Мо акнун дар шаҳр зиндагӣмекунем-мї?- Сӯҳроб хеле кунҷкоб буд.
-Падарам ҳар рӯз ба ман яхмос гирифта доданро ваъда кардааст.- Ҷамшеди сесола ҳам ба фикри акааш ҳамроҳ мешуд.
Ду рӯз пеш ба заниаш рафта ба ҳамсояаш Файзигул ҳасрат кард. Дар хона ҳам чандон оромӣнадошт. Аз вақти оиладор шудани додари Рустам хонаи сеҳуҷрагӣба онҳо тангӣнамуда истодагӣбарин буд. Хушдоманаш нисбати апааш зани хеле меҳрубон бошад ҳам, шояд аз сабаби хешаш будани келини ҷавонаш бошад, бо Ҷумъагул аз миёнашон гурбаи ало гузашта буд. Ба замми ин бедаракии Рустам ӯро хуноб карда буд.
-Шавҳари ман бо мошинаш ба шаҳр мусофир мебарад-ку, як даҳон гап занам туро ҳам бо кӯдаконат гирифта мебарад. Якбора Рустамакоро дида, ба як қарор меойї…-гуфт Файзигул маслиҳатомез.
-Ман шаҳрро надонам. Хонаи Рустамакоямро чӣхел меёбам?..-ҳайрон шуда пурсид Ҷумъагул.
-Шавҳарам Рустамакоро якчанд дафъа то хонаашон бурдан, боре меҳмони ӯ шуданашро гуфт. Аз ин тарафаш ту нигарон нашав,-рӯҳбаланд кард Файзигул.
Ҷумъагул ба андеша рафт. Вақти Рустам акояш набудааст, ӯ равад чӣшудааст. Ҳамаи занҳо ба шаҳр мераванд-ку. Аз чаро ба хаёли худаш наомадани чунин фикри оддиякак Ҷумъагул ҳайрон шуд. Ӯ ба қарори омада буд.
Ӯ дар балкон муддати хеле дуру дароз нишастанашро эҳсос намекард. Барои ӯ чизи муҳимтар аз ба ёд овардани гузашта набуд. Саҳарӣаз хонаи дар деҳаашон воқеъбуда баромаданаш, ҳозир бошад дар балкони яке аз биноҳои бисёрошёнаи шаҳр истоданаш ҳам ба назари ӯ беаҳамият метобид.
Шояд дар шаҳр ҳам хурӯс будааст. Аз куҷое дуру дароз ёзонда ҷеғ задани хурӯс шунида шуд. Ҷавобан ба ин якчанд сагҳо аккос заданд…
Ҷумъагул барои маротибаи аввал ба сафари ин қадар дур баромаданаш ба манзараҳои торафт тағйирёфтаистода бо ҳайрат менигарист. Дар роҳи морпечи аз бағали кӯҳ гузашта мошинҳо кам буданд. Писаронаш Сӯҳроб ва Ҷамшед аввал ба ҳар чиз бо ҳавас нигариста шавқун бардошта истода бошанд ҳам, шояд роҳи дароз онҳоро монда карда бошад, ба ҳамдигарашон такя карда хобашон бурд. Баъд аз тақрибан се соат роҳ гаштанашон зиёд шудани мошинҳо оғоз гардид. Гоҳ-гоҳ биноҳои бисёрошёна ҳам дучор меомаданд. Баробари торафт ба манзил наздик шудан дар дили Ҷумъагул ким-чӣхел хавотир пайдо шуд. Рустамакояш омадани онҳоро чӣтавр қабул мекарда бошад? Баъд ӯро аз хона ёфта метавонанд-мї? Дар хона бошад даркор, охир имрӯз рӯзи истироҳат аст-ку.
Дар шаҳр ҳам одам ин қадар бисёр будааст. Дар баъзе ҷойҳо мошинҳо барои роҳ додан ба пиёдагардҳо меистодаанд. Дар ин вақт роҳро убур карда гузаштани селаи одамонро дида Ҷумъагул дар ҳайрат мемонд. Шояд тамоми шаҳрро убур карда гузаштанд, ҳамсояаш аз муддати зиёд идора намудани кардани мошин арақ кард.
Ниҳоят онҳо дар пеши ким-чӣхел бинои баландошёна таваққуф карданд.
-Расида омадем, янга,-гуфт шавҳари Файзигул барои онҳо дарҳои мошинро кушода истода.
-Дар ана ҳамин хона Рустам акоям зиндагӣмекунанд.
Ҷумъагул дар назди каноратин аз хонаҳои ба мисли қуттича сохташуда истода, аз баландии он ба қалбаш ғулғула афтод.
-Зудтар ҷунбед, ронанда, мо дер мемонем,- аз дохили мошин овози бетоқатшудаи мусофири фарбеҳи мӯйлабдароз шунида шуд.
-Мебахшед, янга. Ман шумоёнро то лифт гусел менамоям. Пас аз баромадан ба қабати ҳафтум ба тарафи рост тоб мехӯред. Дари якум хонаи Рустам ако.
Ба лифт бо онҳо зани мӯйҳояш зебо буридашуда ҳам даромада буд. Зан ба ошёнаи нуҳум мебаромадааст.
«Хуб шуд,- ба худ фикр кард Ҷумъагул,- ин зан намебуд ӯ дар лифт ном ин катакчаи тангакак чӣкор карданашро намедонист».
Аз лифт фаромада баъди ба тарафи рост тоб хӯрдан ба долони (коридор) дароз баромаданд. Ҷумъагул дар ин ҷо будани ҳафт-ҳашт дари аз ҳамдигар дар масофаи ҳамагӣякуним-ду метр ҷойгиршударо дид. Писарони дар роҳ хеле шӯхӣкарда омадааш ҳам якбора чунин навигариро дида, нафасашонро ба дарун фурӯ бурда, ба ҳар чиз ҳайрон шуда менигаристанд.
Ҷумъагул мувофиқи таъкиди ронанда ба назди дари якум ома два чӣкор карданашро надониста, бесаброна ба атроф нригарист. Ба аксаш гирифта, дар роҳрави тангакак ба ғайр аз онҳо ҳеҷ кас наметофт.
Ҷумъагул ба дастаи дар оҳиста даст дароз карда буд, шояд дар кушода будааст, худ аз худ бесадо кушода шуд. Ӯ баъди як муддат дудила шуда истодан таваккалан ба дарун роҳ пеш гирифт. Дар шаҳр ин қадар дари зиёд набошад. Дар роҳрави тангакаки воридшудаи ӯ ҳам се-чор дарҳо ба чашм намоён шуданд. Яке аз дарҳо дар ҳолати нимроғ, дигарҳояш пӯшида буданд. Ҷумъагул ба тарафи ҳамон дари нимроҳ равон шуд.
Ҷумъагул аз дар нигаристу…
Барои Ҷумъагули аз балкон ба оғӯши шаби беканор нигариста истода вақт ва макон мазмуни худашро гум карда буд. Тамоми вуҷуди ӯ карахт шуда, имкони ягон чизро дарк карданаш набуд. Аз сабаби ба чизи хеле ғализ ва нопок олоиш ёфтани хотираҳои барои Ҷумъагул хеле ширини мисли ҳавои кӯҳ мусаффо, монанди гул нозук ва чун ҳаёташ қадрдоншуда ҳам барои ба ёд наовардани лаҳзаҳои охирин кӯшиш мекард...
Ҷумъагули аз дар нигариста баданҳои ба ҳамдигар часпидаи мард в