Хоҳар (ҚИСМИ 2)
578

Солҳо гузаштанд. Зебо бо меҳнат, бо гиря, бо сабр таҳсил кард. Шабҳо беморонро нигоҳ мекард, рӯзона дарс мехонд.

Ҳар бор ки хаста мешуд, мегуфт:

- Модарҷон, қувват деҳ, то рӯзе ифтихор кунӣ.

Пас аз чанд сол ӯ духтури ҷавон шуд. Акааш дар ин муддат боре суроғаш накард, бо занаш барои табобати бефарзандӣ ба хориҷа рафта буданд ва он ҷо муддате зиндагӣ карданд. Ба наздикӣ омада буданд аз хориҷа.

Якбора ҳолати Камол бад шуд. Ба беморхона оварданд ӯро. Бемории қалб. Ҳолаш вазнин. Табиби навбатдор ворид шуд, Зебо. Камол чашмонашро кушод, вақте овози гиряолудро шунид:

- Акаҷон, ман инҷоям.

- Зебо...? Оҳ, хоҳарам, ман туро сӯзондам... Ман аз ту шарм медорам.

Ашкҳои сӯзон аз чашмони ҳар ду ҷорӣ шуданд.

- Шукр, ки зиндаӣ, акаҷон,- ором гуфт Зебо.- Ман туро бахшидаам. Кина надорам.

Аз ҳамон рӯз Камол шахси дигар шуд. Ҳар ҳафта ба хабаргирии хоҳараш меомад, бо чашмони пур аз миннатдорӣ ба Зебо менигарист.

Моҳи баҳор, Зебо ба деҳаи худашон ба кор омад.

Ҷавонмарле бо номи Саид, омӯзгори мактаб, ба деҳа омад. Дар беморхона бо Зебо шинос шуд. Гуфтугӯҳои одӣ ба дӯстӣ табдил ёфтанд ва пас аз чанде муҳаббат дилашонро рахна кард.

Дар рӯзи тӯй Камол ашк мерехт, вале ин бор аз хушӣ. Низора низ омад, бо чеҳраи пажмурда ва пушаймон. Вақте тӯй тамом шуд, ба назди Зебо омад:

- Зебоҷон, ман намедонам чӣ гӯям, танҳо маро бубахш, агар тавонӣ.

Ман туро мазоҳ мекардам, ту хомӯш табассум мекардӣ...

Зебо дасташро гирифт, ба чашмонаш нигарист:

- Ман туро кайҳо бахшидаам, янгаҷон. Зиндагӣ кӯтоҳ аст, барои кина ҷой нест.

Низора ашк рехт, сар ба китфи Зебо гузошт:

- Ман аз ту шарм медорам барои ин рафторҳоям, хоҳаракам, ту беҳтарин инсонӣ.

Камол ин манзараро дид, ашки шодӣ дар чашмонаш ҳалқа зад.

- Оҳ, Худоё, чӣ хушбахтист, вақте дилҳо ором мешаванд…

Солҳо гузаштанд. Камол бо писарчаи худашу духтарчаи хоҳараш бозӣ мекард. Низора дар дег оши палав мепухт. Саиду Зебо шӯхикунон дастархон меоростанд. Зодрӯзи духтарашон аст.

Ҳама чиз самимӣ, одӣ аст, аммо асос бидуни бадиву бахилӣ.

Зебо зери лаб гоҳо мегуфт:

- Модарҷон, мебинӣ? Ҳама чиз хуб шуд. Шукри зинда будан, шукри акаҷонам.

Камол акнун дарк кард, ки хоҳар - ин нишонаи модар, кони меҳру муҳаббати ҳақиқӣ будааст.

Худо ба ҳама оилаҳо боварӣ, хушбахтӣ ато кунад доимо.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД