Онҳо аз падару модар як хоҳару як бародар буданд, ду пора аз як дил дар миёни сахтиҳои зиндагӣ. Модар аз олам гузашт, вақте Зебо ҳамагӣ ҳафтсола буд. Падар дере нагузашта зан гирифт. Ҳамсараш, ки сарддилу худхоҳ буд, ҳеҷ гоҳ ба ин ду тифли бечора меҳр накард.
Боре падар бо дили пурдард гуфт:
- Ман намехоҳам фарзандонам бо моиндар азоб кашанд.
Ва онҳоро ба хонаи бобову бибӣ овард. Бобову бибӣ онҳоро бо меҳр калон карданд.
Вақте Камол ба Донишгоҳи миллӣ дохил шуд, Зебо ба Коллеҷи тиббӣ шомил гашт дар ноҳия. Зебо аз стипендияаш пул ҷамъ карда, барои акааш мефиристод. Дар номааш менавишт:
- Акаҷон, танатро гарм нигоҳ дор, ғам нахӯр. Ман барои ту пул ҷамъ мекунам, то донишгоҳро бо баҳои аъло хатм карда, соҳиби вазифаи баланд шавӣ.
Камол ҳамеша бо меҳр ҷавоб медод:
- Ту ифтихори манӣ, хоҳарам. Як рӯз, вақте ман соҳиби кор шавам, туро мисли гул нигоҳ мекунам.
Аммо тақдир нақшаи дигар дошт. Камол дар донишгоҳ ба духтари зебо ва таннози ҳамсабақаш - Низора ошиқ шуд. Духтари яке аз вазифадорони он давра, ниҳоят зебо, вале худпарасту дилсиёҳ буд. Камол ошиқ шуд, ошиқона, кӯрворона.
Бобо гуфт:
- Писарам, ин духтар барои ту нест.
Аммо Камол гӯш накард.
Баъди тӯй падари Низора ба онҳо хона туҳфа кард. Ҳама хурсанд буданд.
Вақте Камол гуфт, ки “хоҳаракам, ту мехоҳӣ баъди коллеҷ хонданро дар Донишгоҳи тиббӣ идома диҳӣ, пас дипломро мегириву ҳангоми имтиҳонсупорӣ ба хонаи мо меоӣ, дар хобгоҳ намемонӣ”, дилаш пур аз шодӣ шуд. Аммо аз рӯзи аввал Зебо фаҳмид, ки дар ин хона янгааш ба ӯ рӯйи хуш намедиҳад.
Низора бо овози баланд, барқасдона мегуфт:
- Ҳай, Зебо! Ба ҷои нишастан, хез ташнобро тоза кун!
- Хуб, янгаҷон, ҳоло меравам,- бо табассум гуфт Зебо.
- Ҳоло не! Ҳоло, ман гуруснаам!
Ҳамин тавр, рӯзҳои аввал гузаштанд. Камол кор мекард, Низора фармон медод ва Зебо хомӯшона ҳамаи корҳои хонаро мекард.
Рӯзе Низора пиёлаи чойро ба рӯйи хоҳаршӯяш партофт ва гуфт:
- Ҳатто чой рехта наметавонӣ, дар ҷонам задӣ, нонхӯри зиёдатӣ!
Зебо рухсораҳои зебояшро дошту гирякунон ба утоқи хобаш даромад. Камол дар хона буд ва ин ҳолатро дид. Дилаш ларзид, вале чизе нагуфт. Метарсид, ки авлоди пулдори занаш ӯро аз кор бекор мекунанд, аз хона бе хона мешавад.
Он шаб Зебо модарашро хоб дид. Модараш сари ӯро сила карда, мегуфт, ки “духтарам, гушна мондӣ, хез, оши палав пухтам, як даҳон хӯр”.
Зебо боз таҳаммул кард хотири акааш. Бо дониши худаш ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд. Хурсанд ба хона омада, ба янгааш бо дили соф гуфт:
- Янгаҷон, дохил шудам ба Донишгоҳи тиббӣ. Ин орзуи асосии ман аст.
Низора бо тамасхур гуфт:
- Ту? Бо ин либосҳо? Бо ин чеҳраи сиёҳат? Ту духтур мешавӣ? Хайр, орзу ҳам хуб аст!
Камол, ки дар ҳамон вақт вориди хона шуд, хомӯш ба хоҳараш нигарист. Ашки ӯ, ки ба замин афтод, дилашро сӯзонд.
- Низора, бас кун!,- ногаҳон гуфт бо ғазаб.- Ӯ хоҳари ман аст!
Низора гуфт:
- Пас хоҳаратро гиру баро аз хонаи ман! Ин ҷо барои хоҳари ту меҳмонхона нест!
Зебо ором гуфт:
- Ман меравам, акаҷон. Ба хобгоҳ бармегардам. Ба ман сахт нест. Шумо оилаатонро хотири ман вайрон насозед.
- Зебо..., маро бубахш,- гуфт Камол.
Вале ӯ хомӯш, бо дидаи гирён либосҳояшро гирифта, берун рафт.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН