Рӯзи дароз саргарангу хотирпарешон гаштам. Бо умеди донистани сиҳату саломат расиданаш шаб ба хонаи духтарам занг задам. Аз суоли "дадат нағз рафта расиданд, духтарам ҳайрон шуда гуфт, ки наомадаанд.
Бо азобе, бо дасту пои ларзону тани бемаҷол писари калониро гирифта ба хонаи дӯстону ҳамкоронаш рафтам. Аз хамкоронаш касе намедонист, бо кӣ ва бо кадом коре ба Душанбе рафта аст. Онеро, ки тибқи гуфти
Анис бояд ҳамроҳ ба Душанбе мерафтанд, дар иҳотаи аҳли оишлааш дида, аз суол додан худдорӣ кардам. Чун мард аз пайи коре аз хона берун баромад, занаш коҳишомез гуфт: "Дугона, чаро иҷозат додед, ки акаи Анис зан бигиранд? Он кас дигарба Шумо лозим нестанд? Бачаҳо калон, назди келину домод айб нест?! Шӯи ман ҳам ҳавас карда истодааст. Ангур аз ангур ранг мегираду ҳамсоя аз ҳамсоя панд?!!!
Дигар дар ёд надорам, ки зан боз чиҳо гуфт, чӣ хел ба хона омадам. Чун аклу хушам ба ҷояш омаду чизеро мефаҳмидагӣ шудам, гуфтанд, ки аз нав ба дунё омадаам. Мазмун давоми ҳабдах рӯзи беҳушӣ ҳама умедашро канда будаанд
Ва инак зиёда аз ду сол аст, ки бемори рӯи бистарам, дасту поям кор намекунанд. Танҳо вақтҳои охир бо азобе гап зада мақсадамро мефаҳмонидагӣ шудам. Дар ҳамин ҳолат ҳам то ҳол боварам намеояд, ки муносибату пайванди зану шавхарӣ ба ин дараҷа беқадру ноустувор мешудааст. Рост, занҳое ҳастанд, ки нисбати шавҳару авлод хиёнату беҳурматӣ зоҳир мекунанд. ба сабаби беморию бефарзандӣ гоҳҳо мардон ноилоҷ зани дигар мегиранд. Аммо ман то ҳол гуноҳу норасоии худро ёфта наметавонам.Хешу табори шавҳарам низ то имрӯз шикояте накардаанд.
Дар тӯли солҳои ҳамзистӣ мурғаке дар қалбам ошён гузошта буд, ки онро пар канда сӯхтаю нимбисмил ба паноҳи худо партофт. Агар ҷуръат дошта бошад, боре ба чашмонам нигоҳ кунад ва ин ҳарфҳоро хонад: "Дигар намехоҳам лаҳзае бинамат! Бо вуҷуде ишқу памонам шикаст, армонам шикаст, ҷасади нимҷонамро рӯи бистар гузошт, аммо ман ҳамонам ҳамон ғурур нашикастаам!
Агар бевафой, беномусӣ ва бешарафӣ пешаи ӯст, шукри худо ман ба қадру қимматам, баномусу бошарафам! Ин рози ниҳонамро , нолишамро ба ҷуз ба хонандагони ҳафтанома то ҳол ба касе накушодаам. Аниқтараш, тавассути ҳафтанома азон бехиради,бешарафи, паймоншикани сангдил пурсидану донистан мехоҳам, ки ба хотири чӣ ба хотири ки дар ин синну сол худро ба расвой зад?! Агарчи бемори маслуқам дар ҳамин ҳол ҳам шарафи модарӣ дораму фарзандон дӯстам медоранд ва хушҳолам месозанд. Лаҳзае намегузоранд танҳо бимонаму ба андешаҳои ғамангез фурӯ равам. Онҳо барои наранҷонидани ман дурандеширо пеша карда, нисбаташ бадие раво надиданд. Оё медониста бошад, ки бо чунин иқдоми нангинаш фарзандонро назди ҳамсолону ҳамкорону атрофиён ва зану шавҳар ба зиллат ва сархамӣ андохтааст?! Ин бадномиаш онҳоро ёдгор монд, бинобар чи гуна метавонадазэшон рӯзе паноҳу мадад ҷӯяд?! То ба он рӯз ӯ чун падар барояшон фариштаи иқболу ситораи бахт буд! Пас аз ин чи касе хоҳад буд? Чун туфони офатӣ гули умеди баҳорашонро хазон кард.Дар баҳори дасташон гирифту ба шаби сарди зулмати зимистони биёбоне андохт!
Ҳайф! Садҳайф, ки чун падар на ғамхору ғамгусору сипари фарзандон, балки чун душману падарандари золиму ҷоҳил афтор намуд. Афсӯс, сад дареғи ин зиндагӣ! Ай нағмагарони навои шайтонӣ! Аз ин саҳрои ба поён расида убур кунед, то ки ҳар кас ҳадди худро шиносаду расвои олам нагардад ва бо сари сафеду рӯи пажмурда, дасту пои ларзону қомати хамида, орзуи ишки ҷавонӣ накунад!
Ай нолаҳои чанг! Оҳанги ҷигарсӯзи худ ба гӯши дилдодагони ақлгумкардаи ҳавасбоз дилхароштар навозед, то ба худ оянд!
Ай сози дилнавоз! Овозифораму шурангезатро ба авҷ бирасон, танҳо дар гулбоғӣ ҷавононе, ки ҷуфти муносибанд.
Ай абри найсон! Борони раҳмататро қатра-қатра резу рез бар сари онҳое, ки оила барояшон, муқаддас буда дар паймони зану шавҳарӣ ва савгандусадоқат устуворанд!
Лутфия