Ин сатрҳоро иброз медораму гиря гулӯгирам мекунад, имкон намедиҳад дарду ғамамро, ки тамоми вуҷудамро месӯзад, бароятон қисса намоям.Зиёда аз ду сол аст, ки ба рӯи ҷогаҳ бемори бистариам! Вале дар хамин холати дилшикастагӣ ҳам рӯҳафтоданашуда ба шикасту мағлубият тан додан намехоҳам. Ҳафтаномаи дармонбахши "Оила"-ро мутолиа намуда, заҳри танҳоиро фаромӯш месозам, ки дар нобасомониҳои зиндагии оилавӣ аввалину охирин набудаам. То ба кунун "сирри оила пӯшида беҳ" гӯён тоқат кардам. Вале "Заҳри одамро одам мегирад!" гӯён ба қароре омадам то ғами дил ба шумо ифшо намояму сабук шавам.Ҳоло пайроҳаи рӯзгори ман холиву хомӯш, сабзаҳои марғзору лаби ҷӯйбораш ба тамом хушкидаанд. Ҳамаи ин ғурбатҳо аз дасти шавҳаре, ки 25 соли умр ба як болин сар монда, падари чорнафар фарзандон шуда аст, ба ман расид. Дар гармову сармо, дар будаву нобуда тоқат карда, баробараш бори зиндагиро бар дӯш доштам! Афсӯс, ки дар тӯли ин 25 сол ӯ дар сина на дили пур зи меҳр нисбати зану фарзандон,балки яхпорае доштаасту ман бо ҳарорати меҳри худу фарзандон онро об карда натавонистаам! Дареғ аз 25-соле ки ўро субҳ бо қалби саршори меҳр гуселонидаму бегоҳ бо лутфу навозиш пешвоз гирифта, шаб то саҳар дар оғӯши гарми худ ба гӯшаш таронаи ишқу садоқат сурудам! Шайдои лабханди зебою нигоҳи фусункораш шудаму бехабарӣ, соддагиву зудбовариам водор сохт, то худро зани хушбахт ҳисобам. Хато кардам, хатои авфнопазир!
Чӣ хатоиву норасоӣ, чӣ беҳурматию беэътиноӣ нисбаташ зоҳир карда бошам, ки ману ҷигарбандонамро ба нози худфурӯшонаи фоҳишаи пире арзону гарон бифурӯшад?! Агар сари вақт медонистам хоҳишашро, ё иқрор мешуд, ки хоҳони зани дигар аст, қасам ба шири сафедам, эътирозе надоштам.
Баръакс то ҳадди имкон мефаҳмидамаш, майлу хоҳишашро мепазируфтам, пайванди оилавиро мустаҳкамтар мекардам. Лозим мешуд,фарзандонро низ барои қабули чунин ҳодисаи талх омода месохтам. Намедонам, бори чандум буд, ки баногаҳ хиёнаташ ошкор гашт. Чӣ тавр забону виҷдонаш гашт, ки аз хона баромаду ба лутфу навозишам бо сохтакории рӯбаҳона гуфт: " Шаб интизор нашавед, Душанбе рафта истодаам, дер монам, ба хонаи духтарам мераваму пагоҳ набераҳоро дида бармегардам". Ба суханонаш, ба лафзаш, бовар карда, тозон ба хона даромада як банка мураббо, андаке гӯшти пухта ва ба набераҳо шириниҳо бароварда ба дасташ додам, вале вуҷудамро ҳиссиёти ногуворе пахш карду нороҳат гаштам. Рӯзи сиёҳи дар пеш истодаро қалбам хис мекард.
Давом дорад...