Дар назари Гулрӯ мошин оҳиста-оҳиста хазида пеш мерафт. Аз ронанда хоҳиш кард, ки илоҷаш бошад, мошинро тезтар ронад.
Ронанда, ки ҷавони хушчақчақ буд, хост шӯхӣ кунад:
- Холаҷон, тез рафтагиҳо ба куҷо расиданд, ки мо расем? Дар ин гардишҳои хавфноки ағба оҳиста рафтанамон беҳтар аст.
Гулрӯ дид, ки суханаш фоида надорад, хомӯширо авло донист ва аз тиреза ба берун назар кард. Аз он зебоиҳое, ки дина дида буд, гӯё нишоне намондааст, ба назараш ҳама ҷо торикистон менамуд. Абри бузурги сиёҳе на фақат осмон, балки дили ӯро ҳам пахш мекард.
Шир-шири борон сар шуд. Ҷорӯбакҳои тирезаи мошин ба ин тарафу он тараф беист рафтуо доштанд, хеле серкор буданд.
Гулрӯ чашмонашро пӯшида, беихтиёр тамоми ҳаёташро аз пеши назар гузаронд…
Баъди хатми донишгоҳи олӣ ба зодгоҳаш ба кор омад. Азбаски духтари хеле босавод ва ҷамъиятчии фаъол буд, ӯро ба корҳои роҳбарӣ гузарониданд. Аввал мудири боғчаи колхоз шуд ва баъд ба кори ҷамоат гузашт. Бо шавҳараш дар ҷои кор вохӯрда, якдигарро нағз дида, хонадор шуданд. Хеле зиндагии орому осуда доштанд. Шавҳараш ҳам мутахассиси хеле кордон буд, ӯро ба маркази ноҳия ба кор таклиф карданд. Аз байн солҳо мегузашт. Онҳо соҳиби ҳафт шоҳписар шуданд. Гулрӯ духтаре дошт хушрӯяк, аммо дар кӯдакӣ ба заҳбури назди хона афтода, ҳалок шуд. Худованд дигар ба ӯ духтар надод. Аммо Гулрӯ ҳазорон бор шукр мегуфт, ки ҳафт писар дораду вақте онҳоро хонадор мекунад, соҳиби ҳафт духтар мешавад. Ӯ акнун ду келин дошт, ба тӯйи ду писари дигараш тайёрӣ медид.
Гулрӯ, ки келини хизматгор буд, хусуру хушдоман ӯро хеле дӯст медоштанд. Хушдоманаш се сол боз бемори бистарӣ буд ва Гулрӯ кӯшиш мекард ҳам кори идораро кунад, ҳам вақт ёфта хизмати хушдоманро ба ҷо орад. Дар рӯзҳои вопасин хушдоман келинро дуои нек кард. Маъракаи хотирҷамъии хушдоман гузашта буд, ки хусураш ба бистари беморӣ афтод. Хусураш ба касалии фалаҷ гирифтор шуда буд ва ӯро нигоҳубин кардан бисёр вазнин буд, аз ҳамин сабаб, Гулрӯ корро муваққатан қатъ карда, ба нигоҳубини хусураш машғул шуд. Мӯйсафед як сол бистарӣ буд ва аз ҷой хеста наметавонист. Баъди аз олам гузаштани хусураш ӯ боз ба кор баромад.
Вақтҳои охир ҳис мекард, ки шавҳараш тағйир ёфтааст, корро баҳона карда, ба хона дер меомад. Бо баҳонаи сафари хизматӣ ду-се рӯз бедарак шуда мерафт, муносибаташ ҳам бо Гулрӯ хунук буд. Ба хона телефон карда, дар бораи шавҳараш ҳар хел суханони бад мегуфтанд, аммо Гулрӯ бовар намекард, ки шавҳараш бадахлок шудааст ё ба ӯ хиёнат мекунад, чунки Гулрӯ дар муддати бисту панҷ соли зиндагӣ фақат хизмати шавҳар, хусур ва хушдоман гуфта, вақти дамгириашро ёд надорад. Дар хона кор, дар берун кор, тарбияи фарзанд, гузаронидани меҳмонҳои шавҳар, ҳамаи ин корҳоро ӯ аз таҳти дил иҷро мекард ва аз корҳои кардааш ҳаловат мебурд, чунки шавҳарашро дӯст медошт.
(Давом дорад)
Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА