Arzon march 2024
Хатарноктарин мавзеи сайёҳии ҷаҳон
29.06.2024
ОИЛА.ТҶ
667

Ин ҳавзи аҷиби табиӣ дар канори шаршараи Виктория дар Замбия ҷойгир аст. Бисёриҳо ҷони худро зери хатар гузошта, ба он ғӯтта мезананд, то кайфияти оби Замбезиро дар вуҷуди худ эҳсос кунанд.

Онҳое, ки аксбардориро дӯст медоранд, бештар дар хатаранд, чун кӯшиш мекунанд, зеботарин нуқтаҳоро, ки расидан ба онҳо хеле душвор аст, аккосӣ намоянд. Дар ин масир мавҷудияти тимсоҳ ва баҳмутҳо тарсро бештар меафзояд. Агар онҳо худро нороҳат ҳис кунанд, хеле хашмгин мешаванд.

Бо вуҷуди ин, бояд эътироф намуд, таассуроте, ки аз ин ҷо бардошта мешавад, беназир аст. Махсусан, рангинкамоне, ки аз болои он мебарояд, як умр дар хотир мемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД