Холаи Амина ду духтару як писар дошт. Шавҳараш ба муҳоҷират рафту бе ному нишон гум шуд, на зинда буданаш маълум асту на мурда буданаш.
Аммо холаи Амина дигар ба шавҳар набаромад, ҳарчанд хостгорон пайдо шуданд. Ду духтарашро хононда, сипас ба дӯстдоштаҳояшон ба шавҳар дод. Писараш дар курси охирини донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекард. Мехост ва орзу дошт, ки духтари хуберо барои писараш хостгорӣ кунад. Аммо аввал аз дили писар пурсон шуд.
Боре пурсид:
- Писарам, агар ягон нағздида дошта бошӣ, гап зан, келин кунем.
- Очаҷон, росташро гӯям, ман ошиқи як духтаре ҳастам, ки ниҳоят зебо аст, аммо ӯ блогерӣ мекунад, аз субҳ то шом дар Инстаграм, Тик-ток навор мегузорад. Гуфтамаш, ки агар хоҳӣ ман бо ту оила барпо намоям, аз баҳри ин баромадкуниҳо баро, аммо ӯ не мегӯяд. Хеле дӯсташ медорам, очаҷон.
- Бачам, издивоҷ - ин муқаддасот аст. Ту як умр бо ин зан зиндагӣ мекунӣ, ӯ фарзанд таваллуд хоҳад кард, бишину аз дилат ва ақлат бипурс, ки чӣ мехоҳанд.
- Очаҷонам, ақлам мегӯяд, ки ин духтар хонақап нест, дилам мегӯяд, ки бе ӯ нафас намегирам.
Холаи Амина, ки аз ишқи ҳақиқӣ бохабар буд, барои писараш ғамгин шуд. Солҳои ҷавониаш пеши рӯяш омаданд. Замоне ӯ бо падари фарзандонаш ошиқи шайдо буданд. Карим аз оилаи камбизоат буду ӯ аз оилаи сарватманд. Падараш гуфт, ки агар бо ин бачаи бепул издивоҷ кардан хоҳӣ, поятро мешиканам. Модараш аммо хеле зани бофаҳму боирода, бо гапи хуб дили падарашро ёфту онҳоро фотиҳа карда, дере нагузашта ба хонаи муродаш бурданд. Холаи Амина хеле сахт шавҳарашро дӯст медорад. Ҳоло ҳам умед дошт, ки ӯ зинда аст.
Аз дили писараш огаҳ аст, охир, ишқи давраи ҷавонӣ сахт аст.
Суруш дар бораи издивоҷ боз бо дӯстдоштааш суҳбат кард. Гуфт, ки ман туро дӯст медорам, аммо бояд аз худро пеши мардум нишон додан дур шавӣ.
Суман аз дил гузаронид, ки агар не гӯяд, Суруш зан мегирад, беҳтараш “ҳа” мегӯяду аммо баъди тӯй лаҷоми шавҳарро гирифта, ба дили худаш кор мекунад. Ҳамаи дугонаҳои блогераш ҳамин хел карданд.
Холаи Амина хонаи онҳо хостгорӣ рафт. Модари келини ояндааш зани ниҳоят орому камгап буду хеле хуб пазироӣ намуд ва ба қудои ояндааш гуфт:
- Бахшиш, ки ин духтари ман доимо ба интернет банд асту блогер шудааст. Ҳар рӯз ҷангаш мекунам, ки аввал оила муҳим аст.
Ӯ гуфт, ки агар насибу тақдир рафта бошад, якҷоя Суманро тарбия мекунанд.
Бо розигии тарафайн тӯй карда, арӯсро оварданд ба хонаи шавҳараш. Суман пинҳонӣ аз шавҳараш дар Инстаграм сторис кард, ки рӯзи якуми арӯсӣ...
Холаи Амина вақте ба бозор рафт, тамоми шиносҳо мегуфтанд:
- Холаи Амина, келина рӯзи якум ин қадар кор нафармо!
Рӯзи аввал дар интернет наворе паҳн шуд: Суман бо чеҳраи хаста, гӯё гов меҷӯшад ва зераш навишта: Рӯзи аввали келинӣ, хушдомани золим маро ба оғил фиристод.
Мардум дар бозор ба холаи Амина бо тааҷҷуб менигаристанд. Ӯ ҳайрон шуд ва бехабар буд, ки келинаш барои лайку шуҳрат шуда навори бардурӯғ нишон додааст, ки гӯё хушдоманаш рӯзи якуми келиниаш ӯро ба оғил гоҷӯшӣ бурда бошад. Ҳол он ки, холаи Амина говро худаш ҷӯшида буд.
Холаи Амина ҳис кард, ки келинаш ӯро пинҳонӣ навор карда, барои омма гузоштааст. Асабӣ шуд, аммо бегоҳӣ ба келинаш чизе нагуфт. Ба ҳар ҳол, ӯ арӯсак аст, бо писараш моҳи висол доранд.
Бо табассуми малеҳ ба Суман гуфт:
- Духтарам, дар навори навбатият маро ҳам даъват кун, аммо биё, на нақши хушдомани золим, балки нақши модару духтарро бозӣ кунем. Суманҷон, ту ки ҳунари наворгирӣ дорӣ, биё, ба мардум чизи фоиданок нишон деҳ. Ман ба ту пухтани хӯрокҳои қадимии фаромӯшшуда ва асрори қаннодиро ёд медиҳам. Ту навор гир, аммо дурӯғ нагӯ. Ҳақиқатро нишон деҳ. Ман панҷоҳ сол боз як ретсепти ҳалвои сурхи модаркалонамро дар дил нигоҳ медорам. Биё, ту навор гир, ман мепазам. Бигзор мардум бинанд, ки дар хонаи мо чӣ гуна ҳунар ҳаст.
Суман аввал бо кароҳат розӣ шуд. Аммо вақте дид, ки хушдоманаш чӣ гуна бо меҳр ҳалво мепазад ва дар бораи муқаддасоти оила ҳарф мезанад, дилаш нарм шуд.
Гар ту мехоҳӣ, ки доим хонаат обод бошад,
Бояд аввал аз ту шавҳар розӣ бошад,
- мегуфт хушдоманаш.
Бо ибтикори холаи Амина саҳифаи Суман дигар шуд. Ӯ дигар аз оғил наворҳои дурӯғин намегузошт.
Навор дар интернет таркид. Аммо ин дафъа на барои ҷанҷол, балки барои меҳрубонии хушдоман ва келин. Суман дид, ки мардум дар зери навор чӣ қадар гапҳои хуб менависанд: офарин ба ин келин, ки ҳунари модаркалонҳоро зинда мекунад.
Суман шарм дошт. Шарм дошт аз он наворҳои дурӯғине, ки пештар монда буд.
Оҳиста-оҳиста телефон дар дасти Суман камнамо шуд. Ӯ дигар на барои намоиш, балки барои ҳаловати оиладорӣ камар баст. Холаи Амина бошад, дар гӯшаи ҳавлӣ нишаста, ба писараш пичиррос мезад:
- Дидӣ, бачам? Барои ром кардани оҳу бояд аввал худат алафи ширин дода тавонӣ.
Аз ҳамон рӯз Суман дигар шуд. Лаҷоми шавҳарро не, балки лаҷоми нафси худро ба даст гирифт.
Холаи Амина бошад, зери лаб мегуфт: “Шукр, ки ин ситораи мо ҳам ба замин фаромад ва чароғи ҳамин хона шуд”.
Шаҳлои НАҶМИДДИН