arzon replenishment
Келинам фоҳиша будааст
21.10.2019
Адолат
15555

Шодия кӯдаки ҳаромӣ зоида, дубора духтар шуд ва бо тӯю тамошо ба шавҳар баромад, вале...

 Муҳоҷирони хушбахт

Бист сол боз дар яке аз шаҳрҳои бузурги дунё, Маскави нозанин умр ба сар мебараму ҳамроҳи шавҳарам дар як клиникаи шахсии машҳур табиб шуда кор мекунем. Ба ғайр аз табибӣ ҳамроҳи аҳли оилаамон бо тиҷорат машғулам. Тиҷоратамонро асосан додари шавҳараму писари ягонаам Асламҷон пеш мебаранд, ман гоҳ-гоҳ ба онҳо мадад мерасонам. Мо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз Ватан рахти сафар барбаста, оҳиста-оҳиста дар мусофират соҳиби зиндагии обод ва хонаю дар гаштем. Асламҷон риштаи ҳуқуқшиносии яке аз машҳуртарин донишгоҳҳои Русияро хатм намуда, адвокат шуда кор мекунад. Шукри Худованд аз чизе камбудӣ надорем. Барои як тоҷик дар маркази Маскав хонаи панҷҳуҷрагии замонавӣ, бӯстонсарои барҳаво, касбу кори мувофиќу иззату обрӯ доштан алббата ба осонӣ ба даст намеояд ва мо ҳамаи инро дар муддати бист сол бо меҳнату заҳматҳои фаровон соҳиб гаштем.

Дар ҷустуҷӯйи келини бо имон

Писарам ба бистуҳашт даромаду хостам духтараки тоҷики зебоеро ёфта, сарашро ҷуфт намоям,то ба доми ягон бонуи рус ё арманӣ наафтад. Барои дарёфти келини худотарсу боимон ба Душанбе ба хонаи хоҳарам меҳмонӣ омадем. Хешу таборон як-як духтаронашонро оварда нишон медоданд, аммо ба ман ҳамсоядухтари хоҳарам писанд омад ва бо писарам маслиҳат кардам. Шодия ба Асламҷон маъқул афтод ва мо ба хонаашон хостгорӣ рафтем. Хоҳарам бо ин оила он қадар рафту омад надошта бошад ҳам, волидони духтар хостгориямонро пазируфтанд ва фотиҳаро гузаронда, аз пайи тўй шудем. Орзую ҳаваси зиёд, ки доштам, барои харидани либосҳои арӯсӣ ба Дубай рафта барои келинам чунон чизҳои зебою қимматбаҳо харидам, ки ҳуш аз сари ҳамсояҳояшон парид. Писарам, ки дар сафар ҳамроҳам буд, аз ҳисоби худаш барои арўсаш гарданбанди алмоснигини зебое харид.

 


«Вой дод, келинамро гӯр кашид»,- мегуфт хушдомани ҷигарсӯхтаву зор-зор мегирист….

Caf4JX62WUj6NBiaeGFQPCCM8t03CUv6RMyaoduD


 

Арӯси таърифӣ

Тўйи арўсии фарзандонамонро дар як тарабхонаи бонуфуз бо иштироки хешу таборон ва беҳтарин ҳунармандону ҳаҷвнигорон барпо карда, мо чил рўзи дигар дар хонаи дар Душанбе будаамон истодему баъд ба Маскав рафтем. Келинам донишҷўи курси сеюми донишгоҳ буд ва мо ўро ба яке аз донишгоҳҳои машҳури Маскав гузаронидем. Шодия келини таъби дилам баромад, субҳ барвақт аз хоб хеста барои мо субҳона омода мекарду баъд ба дарс мерафт, пас аз дарс низ аз пайи кору бори рўзгор мешуд. Ману шавҳарам шукрона мекардем, ки Худованд дар симои келинамон бароямон духтар фиристодааст. Шодия ҳамеша очаҷону дадаҷон гуфта дар гирдамон парвона буд. Аз меҳрубонию ғамхориҳои келин курта-курта гўшт мегирифтем. Асламҷон муносибати неки њамсарашро бо мо дида, тамоми нозу нузи Шодияи соҳибҷамолро мебардошт ва ҳар рўз бо туҳфаи аҷибе арўсашро шод мекард. Аз зиндагӣ розию қаноатманд будем, вале…

Дар ниқоби фаришта

Мегўянд, ки барои шинохти одам як рўзу ду рўз ё як солу ду сол камӣ мекунад, баъзан инсони пастфитрат симои аслияшро то охир накушода, онро бо худаш ба гӯр мебарад, шояд мо низ чеҳраи аслии зери ниқоби фаришта ниҳони келини меҳрубону дӯстдорамонро намедидем, агар тасодуф мадад намекард. Ё меҳри моро ба Шодияи маккора дида дили Худованд ба ҳоламон сӯхту ниқобашро кашид, то аз ӯ халос шавем? Ману шавҳарам то дер дар корхона мемондем ва дар як ҳафта як бор шабона дар беморхона навбатдорӣ мекардем. Бо илтимоси худи мо маъмурият навбатдории ману шавҳарамро дар як шаб монда буд. Асламҷон дар шаҳр бошад, шабҳои навбатдориамон барвақт ба хона мерафт, агар набошад Шодия дарро аз дарун баста хоб мерафт ё духтарчаи 10-солаи ҳеварамро барои ҳамроҳӣ ба хонаамон меовард.

Бефаракасал

Боре Асламҷон дуҳафтаина ба сафари хориҷӣ рафт. Ману шавҳарам навбатдор будем ва бо сабаби дар Тоҷикистон будани ҳевараму зану кӯдаконаш ба Шодия гуфтем, ки дарро аз дарун маҳкам карда, баҳузур хоб равад. Келин чун ҳарвақта ману шавҳарамро бо чеҳраи хандон гусел карда, дарро аз дарун баст. Аз дил гузарондам, ки Шодия аҷаб духтари хубест, ба сафарҳои пай дар пайи писарамон нигоҳ накарда, боре надидаам, ки ғамгинияшро нишон диҳад. Бо ҳамсарам суҳбаткунон то ҷойи кор расидему ба хабаргирии беморон пардохтем. Пас аз тамом кардани корамон худамро ким-чи хел бад эҳсос намуда, рўи кати ҳуҷраи холие дароз кашидам. Дигар чизеро дар ёд надорам. Вақте ки чашмонамро кушодам, шавҳараму ҳамкоронам дар болои сарам нишаста буданд. Аз забони онҳо шунидам, ки фишорам баланд шудаасту беҳуш шудаам. Профессори солхӯрда, ки дар табибӣ устодам ба шумор мерафт, инро аломати хастагӣ гуфта, маро аз кор чавоб дод, то дар хона ду рӯз дам гирам. Шаб аз нима гузашта бошад ҳам, шавҳарам ба ҷону ҳолам намонда маро дар таксие шинонда ба хона равон кард.

Шармандагӣ!!!

Дар назди бинои истиқоматиамон аз мошин пиёда шуда ба лифт даромадам ва барои аз хоби ширин бедор накардани келин дарро бо калиди худам кушода, вориди хона шудам. Оҳиста –оҳиста ба хонаи хобам гузашта рўи кат дароз кашидам. Нав ғанабам бурда буд, ки дар хонаи келин шабчароғ гирён шуд. Аз ҷоям хеста овоз равшан карданӣ будам, ки чашмам ба ду суроб афтод. Аввал гумон кардам, ки Асламҷон омадааст, вале суҳбати субҳинаамон бо писарам ба хотирам зада дар ҷоям шах шудам. Асламҷон гуфта буд, ки баъди се-чор рўз корҳояшро ба итмом расонида меояд… Ман чӣ кор карданамро намедонистам, ҳамин вақт Шодия пеш-пеш ва ҷавони қоматбаланде аз қафо вориди ҳаммом шуданд. Пас аз даҳ-понздаҳ дақиқаи ба ҳаммом даромадани онҳо ман низ аз қафояшон вориди хонаи оббозӣ шудам ва манзараеро дидам, ки забонам ба гуфтану дастам ба навиштанаш намеравад. Шармандагӣ!!! Келини ман, арӯсаки шашмоҳаи таърифӣ, Шодияи эркаи шавҳару хусуру хушдоман мисли саг чорпоя истода буду…

Бо тамоми овоз фиғон кашидам:

-Бар падари ҳар дуятон лаънат!!!

Шодия якбора ба худ омад ва «воҳ» гўён бо дастонаш рӯяшро пўшонду луб-лучи модарзод дар ҷояш ғунча шуда нишаст. Ҷавони ношинос гўё чизе нашуда бошад, бепарвоёна аз пешам гузашта ба хонаи хоби писарам даромад ва либосҳояшро пўшида аз дар баромаданӣ шуд, вале ман аз гиребонаш гирифтам. Зўран ўро баргардонданӣ шудам, аммо вале ҷавони паҳлавонбозӯ бо як силтав задан гиребонашро аз дастам халос карда, омирона баромада рафт.

Ба хонаи хобам даромада то сафед шудани рўз рўямро ба болин зер карда, гиристам. Баробари дамидани субҳ сару либоси Шодияро ҷамъ кардам ва барояш чиптаи ҳавопаймо харида, келини тардоманамро ба Душанбе назди падару модараш фиристодам.

Сирри фошгашта

Писарам аз сафар баргашта куҷо будани занашро пурсид. Манзараи дидаамро нақл кардам. Дукаса ба Душанбе омадем, то ба волидони Шодия тардомании духтарашонро гуфта, талоқашро дода баргардем. Пеш аз ба хонаи қудо сар халондан ба назди хоҳарам даромадем. Бечора хоҳарам моро бо оби дида пешвоз гирифта гуфт:

-Апаҷон, Шодия чӣ гуноҳ содир кард, ки аз хона пешаш кардед?

-Ту барои ҳамон фоҳиша гиря мекунӣ?- пурсидам бо ғазаб.

-Не, барои вай не, барои саросемагии худамон, ҷияни зебоямро ҳайф кардем-да! Вақте ки Шодия омад, ҳамсояњо гуфтанд, ки аз дусар ин тардоман боз чӣ гуноҳе кардааст, ки пешаш кардаанд. Як занаки ҳамсоя ба ман нақл кард, ки келини таърифиямон дар шонздаҳсолагияш ҳомиладор шуда, аз шармандагӣ ба як деҳаи дурдаст рафта зоидаасту кӯдаки ҳаромиашро ба як зани бефарзанд дода омадааст…

Нақли хоҳарамро шунида гиребонамро дошта тавба кардам ва қарор додам, ки ҳоҷати ба хонаи қудо рафта, айби духтарашонро гуфтан нест, зеро Шодияи рубоҳмиҷоз аз аввал шармандаи ду олам будааст.

Дар интихоби келин ҳушёр бошед!

Худоро шукр мегӯям, ки писарамро аз ин касофат халос кард, вале ба содагию хушбоварии худам дилам месӯзад. Мани сода Шодияро њамчун фарзанд қабул карда ба хонаам даровардам ва барояш чизеро дареғ надоштам, вале ӯ ба рӯи меҳру вафои мо пой монд.

Сабаби ин қиссаро рўйи коғаз оварданам он аст, ки волидон дар интихоби келину домод саросема нашаванд, бигузор чанд моҳ аз пайи келиншавандаашон гарданд ва чӣ гуна одам буданашро нағзакак фаҳмида, сипас аз пайи тӯю тамошо шаванд, то мисли ману писарам оқибат пушаймон нашаванд…

Адолат, аз шаҳри Маскав

Поделиться новостью
Шарҳ
(6)
Беном 2019-10-22, 20:11
Киссаи хубу вале бофта
Посух
хошим 2019-10-25, 15:05
писари бехиси шумо нодухтарийи хавая надонист бад
Посух
Рахматулло 2019-10-25, 17:47
Чорпоя истода чиз кор мекардан бофтатона то охир нагуфтед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(6)
Беном 2019-10-22, 20:11
Киссаи хубу вале бофта
Посух
хошим 2019-10-25, 15:05
писари бехиси шумо нодухтарийи хавая надонист бад
Посух
Рахматулло 2019-10-25, 17:47
Чорпоя истода чиз кор мекардан бофтатона то охир нагуфтед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД