arzon replenishment
Келинамдуздӣ мекунад
18.09.2022
ОИЛА
1947


Салом хоҳару додарониазиз. Ман модар ва хушдоман ҳастам.Шукри Худо ду писар дорам. Писари хурдиам дар Амрико таҳсил мекунад.

Писари калониамро бо хоҳиши худаш зан додам, аммо баъди ду моҳи оиладориаш фаҳмидам,ки келинам дасти қалб дорад, яъне дуздӣ мекунад. Ба хонаи модараш аз таҳхонаи ҳавлиамон пинҳонӣ равған, гӯшту картошка ва дигар маҳсулоти хӯрокаро дуздида мебурдааст. Ман дуздии ӯро боре бо чашмонам дидаму ҷанг карда гуфтам, ки агар зиндагии модарат мушкил бошад, ба ман гап зан, ба онҳо кумак расонам, аммодуздӣ накун. Оқибати дуздӣ хонавайронист. Келин бегоҳӣ гирякунон ба писарам гуфтааст, ки гӯё ман ӯро туҳмат кардаам.

Писарам ба гапи ман бовар накард. Аз байн ду ҳафта гузашт. Рӯзе дари меҳмонхонаро кушодаму келинро дидам, ки сандуқро чаппа карда,ҷиҳози барои писари хурдӣ ҷамъ кардаамро ҷамъ карда, ба буғчае печонида истодааст.Асабам вайрон шуду давида омада, аз дасташ доштам ва гуфтам, ки “келин, ту духтари ман ҳисоб мешавӣ, магар ин корат дуздӣ нест? Ӯ дасташро аз дастам кашиду давида аз хона баромад. Бегоҳӣ худаш ба писарам гуфтааст, ки модарат маро чашми дидан надораду боз дузд гуфт.

Писарам занашро ҷонибдорӣ намуда, гуфт ки “очаҷон, чаро зани маро бад мебинед?”Ман хомӯшона дар дил аз Худо зорӣ кардам, ки симои аслии ӯро ба писарам нишон диҳад. Баъди ин ҳодиса субҳе аз доду войи келин бедор шуда, давида ба хонаашон даромадам. Писарам дод зада, ба занаш мегуфт, ки “чаро бе иҷозат аз кисаи ман 50 сомониро гирифтӣ?” Келин рӯирост қасам хӯрда мегуфт, ки ман пулатонро нагирифтаам.Писарам ба ман нигоҳ карда гуфт: “Очаҷон, маро бубахшед. Ин худаш аслан ба дуздӣ одат кардааст”.Келинам қаҳр карда, ба хонаи модараш рафт. Писарам занашро дӯст медораду сахт ғам мехӯрад, аммо мегӯяд, ки “очаҷон, монед равад. Одами дузд то охир дузд мемонад.

Ман бо зани дузд азоб мекашам. Ҳоло ки фарзанд надорем, беҳтараш аз ӯ халос шавам”. Ман бошам, ғамхӯрии писарамро дида, мехоҳам рафта келинро биёрам.Аммо боз фикр мекунам, ки бо зани дузд ояндаи писарам чӣ мешавад?
А.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД