Arzon march 2024
Келин не, офат… (ҚИСМИ 2)
1869

Келин не, балои дусара…

Гулистон аз қадами аввал дар хонадони мо қонунҳои худро ҷорӣ кард, зеро писарам ба садои ў лаббай мегуфту ғайр аз занаш чашмонаш каси дигарро намедиданд. Келину писарам кай хоҳанд, аз хоб мехестанд, бори мани бечора, ба ҷойи сабукшавӣ вазнинтар шуда буд.

Дар аввалҳо дили шавҳарам ба ман сўхта, писару келинамро насиҳат мекард, вале баъд ў низ тарафи онҳо гузашт. Зеро келинам бо баҳонаи “хонаи очааму хонаи холаам” ба ҳар куҷо мерафту баъд аз омаданаш ба рафтораш зеҳн монда, ҳайрон мешудам. Чанд бор шоҳиди он будам, ки ў коғазеро дар об шуста, он обро ба хўроки дег рехт. Чун аз ў сабаб пурсидам, гуфт:

- Барои ҳомила шудан, таштоб об карда мехўрам, ҳаргиз онро дар деги хўрок нарехтаам.

Чанд бори дигар дидам, ки харро коҳ намекарду баъд ба ў қанду нону боз ким-чиҳои дигар мехўронд. Боре духтарам гуфт, ки дар қабати нон туморро ба хар хўронидани келинамро дидааст. Ин гапи духтарам то куҷо ҳақиқат дорад, намедонам, вале дар хона мо ҳама аз келин метарсем ва дар ҳақиқат ҳам, хари хизматгори ў ҳастем.

Асири ҷоду

Писарам умуман бо мо гап намезанад, ҳамроҳи занаш дар хонаи хобаш танҳо хўрок мехўранд. Келин писарамро дигар ба Русия рафтан намонд, ў дар деҳоти атроф устогӣ карда, тамоми ёфту тофташро сарфи занаш мекунад, ману мўйсафедам бо пули нафақаамон зиндагӣ мекунем. Писарам бошад, ҳамроҳи занаш ба хонаи хешовандонаш меҳмонӣ рафта, чанд рўз он ҷо мемонад, хона ҳам биёяд, худашро чунон медорад, ки гўё ў хушдоману ман келин бошам. Писарам ҳатто хоҳари ягонааш ва фарзандони ўро чашми дидан надорад, духтарам ин муносибати сарди онҳоро дида, дигар ба хона намеояд. Як рўз ҳамроҳи шавҳарам дар замин кор карда, хеле монда шудем, нисфирўзӣ шуда бошад ҳам, келин ғел зада телевизор тамошо мекард. Дар пешаш табақи нимхўрдаи тухмбирён ва дар табақе қанду қандалот ва писта, чой менӯшид. Ба ў гуфтам:

- Дидӣ, ки ману хусурат дар замин кор дорем, ақалан як дами гарм напухтӣ?

- Не!,- гуфт ў бо зарда ва илова кард: “... форама мепазам, нафорама, не, чӣ корам мекунӣ?!”.

Чизе нагуфтам, ҳамроҳи мўйсафед каме ҷурғот хўрда, қаноат кардем. Бегоҳӣ балокелинам ҳамин қадар гапи маро ба писарам дигар хел карда расонидаасту писари асиру ҷодугаштаам қиёматро қоим карда, чизи ба даст омадаашро ба сўи ман ҳаво медод, ки ба зани ман корат набошад. Мўйсафедам, ки шоҳиди бегуноҳии ман буд, ба ҷойи тарафи маро гирифтан, ба сарам борони ҳақоратро рехт… Инаш ҳам дарди бахайр, чун намози шом фаро расид, ў дар чойнике оби гарм гирифта, ба келинаш гуфт:

- Духтарҷон, ана оби таҳоратат...

Шумо шояд ин гуфтаи маро бовар накунед, аммо хусур ба келин оби таҳорат медод ва ин бори аввал набуд. Зеро келинам барои фиреби назар сатр баста, намоз мехонад! Аз ҳамон рўз ин ҷониб, дар сарам як фикр пайдо шудааст, мехоҳам рост ба хонаи бесоҳибон рафта, охири умрамро ҳамон ҷо гузаронам, то на дидори келини ҷодугарамро бинаму на шавҳару писарамро, ки барояшон мисли саг обрӯ надорам…

ҶАҲОНБӢ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД