formula feb 2025
Келин не, офат… (ҚИСМИ 1)
1845

Аввалан, саломи хешро ба тамоми хонандагон мерасонам. Ҳеҷ гумон надоштам, ки рўзе фаро мерасаду ман қалам ба даст гирифта, нома менависам, вале ин рўз ҳам расид.

Ман як зани умрам ба домани шаст расидаи ба қавли мардуми деҳот пиччасафед, аз хонандагон маслиҳат мехоҳам, зеро аз дасти писари ҷодушуда ва келини ҷодугарам рўз надорам ва аз асабонияти зиёд ба беморӣ печидаам. Қиссаи зиндагиямро барои он ин ҷо меорам, ки тариқи телевезион мебинам, имрўз алайҳи ҷодугарони хонасўз мубориза эълон шудаасту онҳоро кормандони ҳифзи ҳуқуқ дошта, ҷазо медиҳанд, аҷаб иқдоми хубе…

Шодию ғами бахти аввал

Ман дар оилаи миёнаҳоле ба дунё омада, ба воя расидаам, фарзанди калонӣ будаму волидонам ғайр аз ман як писару як духтари дигар низ доштанд. Зиндагии деҳот ба ҳама маълум, кўдакиям пушт-пушти бузу бузғола ва гову гусола, байни даштҳои васеъи пахтазору кўҳу дара сипарӣ шуд. Пас аз даврони беғамии кўдакӣ, наврасию ҷавонӣ ба тақвими умри мо дохил шуду духтари қадраси зебое шудам, талабгорони зиёде дошта бошам ҳам, волидонам хостгории як хеши дурамонро пазируфтанд. Шавҳарам аз оилаи баобурўе бошад ҳам, каме соддафеъли беморнамо буд. Азбаски дили покиза дошту меҳнатӣ буд, ба ў меҳр мондам, зиндагиямон хуб ҷараён дошт. Бародарони шавҳарам мансабҳои баландро соҳиб буданду ҳамеша ба мо кумак мекарданд, ҳамроҳи шавҳарам ба осоишгоҳҳо рафта истироҳат карда меомадем. Аммо дар шаш соли зиндагӣ аз мо фарзанд нашуд. Духтурон тавсия доданд, ки аз ҳам ҷудо шавем, зеро аз мо фарзанд намешудааст. Мо бо хубӣ аз ҳам ҷудо шудем.

Ростӣ, дубора баргаштан ба хонаи падарӣ бароям душвор буд. Ашк мерехтаму худ ба худ савол медодам, ки наход шаҳди модар шуданро эҳсос накунам?

Бахти дувум

Бо шодию ғами худ овора, гузаштани боз як соли умрамро нафаҳмида мондам. Хостгорон ҳар рўз дари хонаамон мемомаданд, вале падарам мегуфтанд, ки одами дар шир сӯхтагӣ дӯғро ҳам пуф карда мехўрад. Оқибат, хостгории як марди занмурдаи аз худам бист сол калонро, ки ду писари ба балоғат расида доштааст, қабул карданд. “Агар фарзанддор ҳам нашавед, писарони ин мард дами пирӣ нигоҳубинатон мекунанд”,- мегуфтанд волидони бечораам. Дар дили ман дубора шавҳар кардан асло набуд, вале чуноне мегўянд, тақдири Худованд навиштаро бандааш тадбир карда наметавонад. Хушбахтона, шавҳарам марди хубе баромад, писаронаш низ, маро ҳурмату эҳтиром мекарданд. Писари аввалӣ зан дошт, дувумиро худамон хонадор кардем, шояд дуоҳои ман ба даргоҳи яздони пок мустаҷоб афтиданд, ки дар қадам кўдак пайдо шуд. Хурсандии ману волидонам ҳадду канор надошт. Писари нахустинам ба дунё омаду баъд аз ў духтарам, хонаи падариро, ки замини калоне дошт, ба фарзандони шавҳрам монда, хонаи худамонро ҷудо кардем. Фарзандонам низ, оҳиста-оҳиста бузург шуда, дастёри ману падари пирашон гаштанд, зиндагиямон хоксорона бошад ҳам, аз он розӣ будем.

Ташвишҳои нав

Писарам мактабро хатм карду ҳамроҳи рафиқонаш ба Русия мардикорӣ рафт. Писари хубу ба дасту панҷа ки буд, ба зудӣ кор пайдо намуда, ба мо маблағҳои хуб мефиристод. Аз ин ҳисоб хонаҳоро таъмир карда, духтарамро баобурў ба шавҳар додем ва навбати зангирии писарам расид. Чун аз Сарватҷон пурсидам, ки ягон хушкарда дорад ё не, ў интихоби келинро ба ман вогузор кард ва ҳамроҳи янгаҳояш ба келинкобӣ баромадем. Бо тавсияи як ҳамсояам, ки бо ҳам хеле меҳрубон ҳастем, хостам ба хонаи муллои қишлоқ хостгорӣ равем, зеро духтаронаш зебою меҳнатӣ ва порсо буданд. Вале келини калониям гуфт:

- Шумо медонед, ки мулло занкалон аст, агар хоҳед, писари шумо низ бо доираи занаш рақс кунад, марҳамат.

Ин сухани келин маро ба андеша водор карду ба деҳаи дурдасте, ки он ҷо хешони шавҳарам зиндагӣ мекунанд, келинкобӣ рафтем. Ба мо чанд духтарро номбар карданд ва ҳамроҳи як ҷияни шавҳрам ба хонаи яке аз онҳо таваккалӣ сар халондем. Ҳавлию хонаҳо хеле чиркину норӯфта буданд, духтараки сабзинае давида, ба пешвозамон баромад, аммо мо ба ў хайрухуш карда, гуфтем, ки хонаи як шиносро меҷўему хато кардем. Шояд касе ба духтарак келинҷӯй будани моро гуфт, ки баъд аз чанд дақиқа ў аз паси мо омаду гуфт:

- Модараму падарам ба хонаи як хешамон ба тўй рафтаанд, мо дар хонаи бибиям будем, аз ин рў хонаву дар чиркин буданд. Ман дӯзандаам, фалону бисмадон…

Намедонам чӣ шуду чӣ монд, мо Гулистонро келин кардем…

(Давом дорад)

ҶАҲОНБӢ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД