Моҷарои гӯшт
Як рӯз пеш аз ид шавҳараш хариди хушрӯй кард, зеро медонист, ки ба хонаашон меҳмони зиёде келинбинӣ меоянд. Баробари дигар хӯрданиҳо шаҳбача гӯшти зиёд харида овард, то дар назди меҳмонон хиҷил нашаванд. Ҳамкоронаш ба меҳмонӣ омаданд ва шаҳбачаи аз харидаш дилаш пур аз ҳамсараш хоҳиш кард, ки барояшон кабобча пазад. Насиба ба шавҳараш хабар дод, ки модараш ба куҷое меҳмонӣ рафтаасту дари анҷомхона баста аст. Домод аз паи ҷустуҷӯи модараш шуд ва ӯро аз хонаи ким-кадом ҳамсоя ёфта гуфт:
- Хайр худатон, ки ба меҳмонӣ рафтед, чаро дари анҷомхонаро руст мекунед?! Медонед, ки меҳмон омаданаш мумкин…
- Ин зани ту дузд аст, дарро кушода монам, ҳама чизро медуздад,-иддао намуд хушдоман.
- Модарҷон, зани ман дуздӣ карда, куҷо мебарад?! Падару модараш фарсахҳо аз ин ҷо дур зиндагӣ мекунанд. Онҳо муҳтоҷи чизи хонаи мо нестанд. Ҳамин гапҳои беҳуда чӣ лозим,- даст афшонд Азим ва ба балои бад гирифтор шуд. Модараш «ту боз пуштии занатро мегирӣ» гуфта, қиёматро қоим кард. Як илоҷ карда, ӯро ором намуданду меҳмононро бо обу иззат гусел карданд, вале пас аз ин рӯзи Насиба боз ҳам сиёҳтар шуд. Акнун вай мисли ғулом аз саҳар то бегоҳ хизмат кунад ҳам, ҳаққи ба чизе даст расондан надошт.
Канизак
Чор хоҳарарӯс дасташонро ба оби хунук намезаданд. Ҳама кор ба зиммаи Насиба буд, вале ҳангоми хӯрокхӯрӣ пасмондаи хӯрок, ки бисёр вақт бегӯшт ва оби холӣ буд, насиби келин мешуд. Шавҳараш ҳамаи инро бо чашми сараш бинад ҳам, чизе гуфта наметавонист. Шавҳараш метарсид, ки барои занаш хокаи дандоншӯиву собуни рӯйшӯӣ биёрад. Бечора Насиба ҳангоми саршӯӣ аз пасмондаи собунҳои хоҳарарӯсҳояш истифода мебурд. Либосҳояшро ҳам бо собунчаҳо мешуст. Хоҳарарӯсонаш аз ин кори Насиба бохабар шуда, ӯро ба собундуздӣ айбдор карданд.
Хушдомани золим
Хушдоманаш корсони нонро дар болои сараш монда намегузошт, ки Насиба бе иҷозат аз он нон гирад. Буданд рӯзҳое, ки арӯсаки бечора бо ашки шашқатор аз хушдоманаш нони худаш пухтаро металбид, вале янгааш «ҳозир хӯрда будӣ-ку» гӯён ба сараш ардаба мекарду вай ночор бо дили гурусна хоб мерафт.
Ҳамин тавр ба чунин азобҳо тоқат карда, Насибаи сарсахт соҳиби чор фарзанд шуд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кӯдаконаш хурдакак буданду азоби Насиба даҳчанд гашт ва шавҳараш барои кор ба Русия рафт, то ҳоли оилаашро беҳтар созад.
Асои Худо садо надорад
Дар ин миён ду бародари шавҳараш ва тағо-хусураш, ки хеле пир шуда буд, қурбони ҷанги шаҳрвандӣ гаштанд. Хонаашон ба мотамхона мубаддал гашт.
Хушдоманаш ба ғами фарзанду шавҳараш тоқат карда натавонист. Шишори хунаш баланд шуда, як тарафаш тамоман аз кор монд. Забонаш ҳам гирифта, гапашро ба зӯр мешунидӣ. Ғулдур-ғулдур карда гап мезад. Духтаронаш шавҳар карда рафтанд. Бародарони шавҳараш пеш аз ҷангҳо хонаҳояшонро ҷудо карда баромада рафта буданд ва дигар ба ҷуз аз Насибаву кӯдаконаш касе ба доди кампир намерасид.
Хушдоман, ки ба Насиба азобҳои зиёдро раво дида буд, акнун дар назди вай музлиму бемор мехобид. Насибаи сабур, ки солҳои дароз ба ҳамаи азобу уқубатҳои хушдоманаш тоқат карда буд, боз раҳмаш омада то охирин рӯзҳои умраш кампирро нигоҳубин кард. Чор духтар дошта бошад ҳам, ягонтоашон ақаллан як рӯз Сафармоҳи музлимро парасторӣ накарданд. Боз ҳамон Насибаи ҷабрдида, ки ба қавли худаш зиндагӣ ӯро «дузд» карда буд, хушдоманашро то нафаси вопасин мисли гул тозаву озода нигоҳ дошт ва бо обрӯ ба хок супорид.
Биёед, келинҳоро ҳам мисли духтаронамон дӯст дорем, хушдоманҳои азиз! Он ҳам фарзандони мо ҳастанд!
Тоҷинисои АЗИЗ