Насибаро ба хонаи бегона не, ба хонаи тағои худаш арӯс карда бурданд. Онҳо хешу табори наздик бошанд ҳам, Насиба феълу хӯйи аҳли ин оиларо намедонист, зеро танҳо замони кӯдакӣ ду-се бор ба хонаи тағояш меҳмон шуда буду халос. Он вақтҳо шавҳараш ҳам мисли худи Насиба ба қавли кампиракон «як бачаи фисин» буд.
Тағояш Низом ба хонаи онҳо омаду модари Насиба сухани акаи калонашро нашикаста, розигӣ дод, ҳарчанд феълу атвори янгааш Сафармоҳро хело хуб медонист. Медонист, ки янгааш зани баддаҳону хасис аст, вале боз андеша кард, ки тағояш албатта Насибаро хору зор шудан намемонад, вале...
Заҳри хушдоман
Ҳанӯз рӯзи аввалини ба ин даргоҳ омадан арӯсак ба рӯи ҳавлӣ баромада, қошу қавоқи овезони хушдоманашро диду дилаш якбора сип-сиёҳ шуд. Ба назар чунин мерасид, ки янгааш бо касе сахт ҷанг кардааст. Насиба оҳи сард кашида, аз пайи рӯбучини хонаву дар шуд. Поруи дар ҳавлӣ баъди тӯй ҷамъшударо рӯфта, дар пухтани хӯрок ба авсунаш, яъне зани бародари шавҳараш ёрӣ расониду баъд барои ивази либосҳояш ба хона даромад, зеро ҳис кард, ки либосҳояш бӯи дуд гирифтанд. Охир, ӯ келинчаки якрӯза чӣ тавр бо чунин либос дар назди аҳли оилаи домоди нав мегардад? Либос иваз карда баромаду аз хушдоманаш гап шунид, янгааш ба сараш дӯғ зад, ки минбаъд тез-тез либос иваз накунад. Насиба «хуб шудааст» гуфту бо дили шикаста аз пайи кораш шуд.
Бегоҳ шавҳараш чанд қуттии қанду печени оварда ба дасти Насиба дод ва хоҳиш кард, ки шириниҳоро дар хонаи худашон монад, зеро сермеҳмонанду чашми кӯдакон ба қанду қандалот афтад, як донааш ҳам намемонад. Насиба аз феълу атвори хушдоман бехабар, гуфтаҳои шавҳарашро ба ҷо овард. Аз куҷо медонист, ки баъди чанде ин кораш ба сараш бало гашта, сабаби ҷанҷоли хушдоманаш мешавад. Вақте ки рӯзи дигар меҳмонон омаданду Насиба лаъличаҳои шириниро аз хонаи худаш бароварда наздашон овард, хушдоманаш дод зад:
- Ҳа, занкалон! Аз зиндагият ду рӯз нагузашта, аллакай ҳама чизро ба ихтиёри ин тирмизак додӣ? Оғӯши занро дида, дар як дам модаратро фаромӯш кардӣ?! Акнун занат дуздӣ карда, як лаълӣ қандро ба назди меҳмонҳо барорад, дутои дигарашро ба хонаашон мефиристад!
Аз шунидани ин туҳмат Насибаро гӯё барқ зад. Арӯсаки бечораро гиря гулӯгир карду бо ду даст рӯяшро пӯшида, ба сӯи хонааш шитофт. Вай бо чашмони гиряолуд қуттиҳои қанду қандалотро аз хонааш бароварда ба назди хушдоманаш бурда монд ва барои ин кораш ҳам боз гап шунид. Пас аз ин Насиба ягон чизи шавҳараш овардаро дар хонааш роҳ намедод. Домод ҳам аз тарс чизе, ки харид мекард, ба дасти модараш месупорид.
(Давом дорад)
Тоҷинисои АЗИЗ