Formula novemver 2024
Келин, маро бубахш! (ҚИСМИ 2)
21.01.2025
АРДАШЕР
1675

- Модарҷон, шумо ҳастии ман ҳастед. Бе вуҷуди шумо рӯзи равшан бароям шоми зулмот аст. Буданатон ифтихорам, давлатам, тоҷи сарам.

- Дар назди ту аз занат ҳам азизам!?

- Модарҷони меҳрубонам, нури чашмонам. Шумо аз занам азизед. Ҷою мақоми шумо болои дидагонам. Чаро ин гуна суолҳоро медиҳед? Зан ҷудо, модар ҷудо.

- Сардор, бин! Як рӯз занат ба чашмонат теғ кашида нигарад, туро назди мо беобрӯ кунад, ана он вақт гуфтахои маро мефаҳмӣ. Ана он вақт мегӯйӣ, ки модарам рост гуфта будааст.

- Не модарҷон, ин тавр намешавад. Муҳаббат он гунае, ки шумо фикр мекунед, зани бад нест.

- Илоҳо ҳамин тавр бошад.

Сайёра, ки худ мудом аз хушдоману шавҳараш гап мешунид, мехост келинаш ҳам рӯзҳои вазнини дидаи ӯро бинад. Хушдомани Сайёра ҳам ба ҳар баҳона ӯро ба писараш мезанонд. Гоҳ-гоҳ назди келинаш ҳам рӯирост мегуфт, ки "акаат занашро назада, балои сарамон кард. Ту занатро зан". Шавҳараш ба суханони модар гӯш карда, мудом Сайёраро мезад. Барои ҳамин ҳам мехост писараш ҳам чунин бошад. Сайёра бо ҳар баҳонае келинашро ба писараш занондан мехост. Ҳарчанд гоҳ-гоҳ аз кори кардааш пушаймон мешуд, вале "ман ин рӯзҳоро дидам, бояд вай ҳам бинад" гӯён, худро таскин медод.

Муҳаббат бар қасди найрангҳои хушдоманаш ҳар рӯз ба ӯ лутфу меҳрубонӣ мекард. Лазизтарин хӯрокҳоро омода карда, гоҳ-гоҳ пою миёни ӯро маҳс мекард. Вале Сайёра доимо камбудиҳои келинашро кофта, аз пашша фил месохт. Муҳаббат бошад, ба нози хушдомании Сайёра нозбардор буд. Бо сари хам ҳар гуфтаашро дар вақташ иҷро мекард. Аммо Сайёра ҳамоно аз келинаш норизо буд.

- Модарҷон, ана ин роҳхат барои шумо,- бо хушнудӣ роҳхати дасташро рӯйи миз гузошта, гуфт Сардор.

Сайёра ба писараш ҳайрон-ҳайрон нигариста, пурсид:

- Чӣ хел роҳхат?

- Роҳхат ба яке аз осоишгоҳҳои зебои шаҳри Истаравшан.

- Пул надоштед-ку!

- Магар барои осоиши модар пул ёфтан мушкил аст?,- хандида гуфт Сардор.

- Ҳааа, фаҳмо. Шумо аз ман халос шудан мехоҳед? Э воййй, мардум, келинам маро бо писари яккаву ягонаам ба осоишгоҳ гуфта, хонаи пиронсолон бурданист. Э воой, ин рӯзҳо ҳам дар пешониям будаанд! Ин гуна фиребҳоро танҳо дар қиссаҳо хондаву дар филмҳо дида будам. Аз қисмати худ бехабарам.

- Не - не модарҷон, чаро ин тавр мегӯед? Воқеан истироҳатгоҳ аст. Мо хостем, ки 10 рӯз дар мавзеъҳои сарсабзу хуррам, дар боду ҳавои форам истироҳат кунед. Охир саломатии шумо давлати мост.

- Писарам, ман медонам, чунин фиребгарӣ аз ҳамсарат баромадааст. А, келин? Шумо майнаи писарамро заҳролуд карда, хостед, ки маро ба хонаи пиронсолон барад. Модари муштипарашро дар дами пирӣ муҳтоҷи меҳру муҳаббати фарзанд кунад. Дар хонаам келин овардам гуфта, каждум оварда будааму худам бехабар.

(Давом дорад)

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД