Sebiston new 2024 october
Келин аз Маскав (ҚИСМИ 2)
1798

Наташа нишонии Шарифро аз писарамакаш гирифту ба Тоҷикистон парвоз кард. Шариф ҳамин ки Наташаро дами дарвоза дид, аз ҳайрат даҳон кушод. Охир, акнун зани якумаш чӣ мегуфта бошад?

Чамангул дар саҳни ҳавлӣ ҷавонзани қадбаланди зардинамӯйро дида, пайхас кард, ки ин зан Наташа аз Маскав мебошад.

- Шариф, ту ӯро даъват кардӣ?

- Не...

- Хайр акнун чӣ кор мекунем, ба хона даъваташ бикун. Аммо, бо як шарт, бо ӯ ҳамчун занат муомила карданатро набинам, вагарна баромада меравам.

- Хуб шудааст, ҷонакам.

Наташа мехост, ки Шарифро сахт ба оғӯш бигирад. Аммо Шариф худро дур кашида, сардакак бо забони русӣ гуфт, ки ба дохили хона даро, баъд гап мезанем. Наташа писарчаашро пурсон шуд. Ногаҳ миёни ҳавлӣ писарчаи ба хок ҷӯлидаашро дида, дод гуфт:

- Ой, Сашенка, что такое?

Аммо Саша ба ӯ ҳатто нимнигоҳе накарда, аз паси Чамангул “оча” гӯён гурехта пинҳон шуд. Наташа ин ҳолатро дида, қариб ки гиря кунад. Баъди каме нафасашро рост кардан писарашро боз фарёд кард. Шариф бо ӯ ҷиддӣ суҳбат карданӣ шуду наздаш Чамангулро ҳам ҷеғ зад.

- Наташаҷон, ман ба ту рости гапро иқрор мешавам. Ин зан ки мебинӣ, зани тоҷики ман аст. Ду духтари қадрас дорам. Писарамонро бошад, чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Агар илоҷаш бошад, аз ҳаёти ман раву он ҷо ба ягон ҳамватани худ ба шавҳар баро.

- Чӣ? На писарамро ба зани ту медиҳаму на туро. Чунки туро дӯст медорам.

Ин дам Чамангул ки ба маънии гапҳои ӯ сарфаҳм рафта буд, бо забони нимколаи русӣ дод зад:

- Тогда, ман як шарт дорам. Если сделаешь, Шариф пополам, если нет, Шариф мой.

- Говори?

- Ту ҳамроҳи ман дар ин хона меистӣ ва тамоми корҳои рӯзгорро ба дӯши худ мегирӣ, агар аз уҳдааш бароӣ, шаш моҳ Шариф бо ту меистаду шаш моҳ бо ман.

- Ман розӣ.

- Якум шарт ин ки куртаву поҷома пӯшад.

Наташа саволомез ба Шариф нигоҳ кард.

- Ту либоси миллии тоҷикӣ бояд бипӯшӣ.

- Мепӯшам, аммо ба сарам мисли ин занак рӯймоли калони докагӣ намебандам.

- Мебандӣ, ба шартҳо ку розӣ шудӣ, ё аз фикрат баргаштанӣ ҳастӣ?

Ин дам Шариф дар дил завқ карда механдид, ки ду зан барои ӯ мубориза бурда истодаанд. Наташа ноилоҷ либосҳои аврупоии худро бароварда, либосҳои додаи Чамангулро пӯшид. Аммо ин либоси кушоду обшустаи Чамангул дар тани мавзуни Наташа мисли халтаи холӣ меистод. Наташа худро дар оина тамошо карда, баланд хандид. Чамангул ба ӯ чашм песонда ишора кард, ки имшаб истироҳат мекунӣ, аз пагоҳ саҳарӣ ба кори ҳавлӣ тайёрӣ бин. Наташа шабона бо писарчааш хуб бозӣ карду хоби роҳат рафт. Субҳ аз додзании духтари калонии Шариф тарсида бедор шуд.

- Подём, хез арӯси шаӯри рус!

Наташа ба соат назар кард. Соати панҷуними саҳар буд.

- Ҳозир,- бо дили нохоҳам ӯ аз ҷой бархоста, барои дастрӯйшӯйӣ ба ташноб раҳсипор гардид. Аммо дар ташноб об набуд. Ба духтари Шариф нигоҳ карда пурсид, ки об дар кучост?

- Дар он ҷо, ма, ин сатилро гиру барои худат об биёр.

Наташа сатил ба даст ба поини ҳавлӣ раҳсипор гардид. Дар поини ҳавлӣ ҷӯйборчаи нимборике ҷорӣ буд. Ба об дида дӯхт. Талхакаф шуд. Охир, ин об лойолуд буду дарунаш шуллукҳо хазида мегаштанд. Аммо шарт ба хотираш расиду як сатил об гирифта, гашта ба ташноб даромад. Дасту рӯяшро бо оби сарди лойолуд шуста баромада, аз ҷомадонаш сачоқи тоза гирифта рӯяшро пок намуд.

Чамангул дар даст як ҷорӯби калон пайдо шуда омаду ба дасташ ҷорӯбро дода, гуфт:

- Шӯйи тоҷик ки форад ба ту, ана ҳавлиро рӯб.

Наташа ҷорӯб ба даст ба ҳавлирӯбӣ сар кард. Ба назараш ки ин ҳавлӣ аввал дошту охир не. Баъди ҳавлиро тоза рӯфтан пурсид, ки партовро ба куҷо партояд.

- Ба беруни ҳавлӣ,- заҳрханда карда гуфт Чамангул.

Наташа сатилҳои партовро холӣ карда пас гашту ба сари дастархон нишаст. Дар ҳаёташ аввалин бор меҳнат карда, сахт гурусна гашта буд. Дар рӯйи дастархон ба ғайри ду кулчаи сахту як чойник чойи алакай хунукгашта чизе набуд. Наташа ҳайрон шуд, ки чаро дар вақти наҳорӣ рӯйи дастархони онҳо чизе нест. Боз шарти гузоштаи Чамангул ба хотираш расиду лаб газида, хомӯшона кулчаҳои сахтро ба чой тар карда хӯрдан гирифт.

Хӯрокхӯрии ӯ Чамангулро ба ғазаб оварда, аз дил мегузаронид, ки чӣ тавр, бо кадом ҳилла ин арӯси русиро гурезонад... “Бояд кори вазнинтарро ба ӯ фармонда, дилбазанаш кунам, он гаҳ ҳам маро аз ёд намебарораду ҳам Шарифро якумра аз хотираш фаромӯш мекунад”.

- Акнун Наташахон, ба адир ҳезумчинӣ меравем.

Наташа дар адир чунон хаставу лакот гашт, ки дигар маҷоли роҳ гаштан накард. Бо лаҳни нимшикастаи тоҷикӣ гуфт:

- Апа, шумо занони тоҷик робот.

- Дидӣ, чӣ қадар мо ин ҷо азоб дорем. Шавҳарони мо бошанд, дар оғӯши шумо - занҳои мулки бегона бароҳат хобанд. Боз ту шӯйи тоҷикро аз худ карданӣ ҳастӣ?

- Охир, ман Шарифро дӯст медорам.

- Агар дуст дорӣ, пас ба кори ҳавливу адир одат кун.

То бегоҳӣ Наташа ҳезум чинду баъди ба хона баргаштан ҳамон хел гушна рӯйи бистар хобаш бурд. Рӯзи дувум ӯро Чамангул ба сари танӯр бурда, нонпазиро ёд дод. Аммо Наташа ҳарчанд кӯшиш кунад ҳам, нонпазиро дар танӯр ёд нагирифт. Рӯзи савум Наташаро ба айлоқ фиристоданд.

Наташа аз чунин меҳнати тоқатфарсо ба дод омада, шабе ба Чамангул гирякунон гуфт, ки “апа, шавҳарат аз худат, писарамро деҳ, ман ба ватанам гашта меравам».

- Дидӣ, нони шавҳари тоҷикро хӯрдан чӣ қадар сангин будааст? Офарини мо занҳои тоҷик бигӯй.

Наташа писарашро гирифту ба Маскав баргашт. Дигар ҳаргиз ёди Шариф накард.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД