Кӯдакам аз муҳлати ширхӯрӣ баромадааст, вале наметавонам ӯро аз сина ҷудо кунам. Мегуфтед, ки ин амали ман чӣ ҷавобгарӣ дорад?
Мафтуна, ш. Душанбе
Посухи духтур Нисо Мирзоева:
Аз нигоҳи тиббӣ зан бояд фарзандашро ҳадди ақал то яксолагӣ макконад. Шири модар барои тифл бисёр муҳим буда, ба саломатии кӯдак фоидаи зиёд дорад ва қувваи муҳофизатӣ-иммунитети бачаро мустаҳкам месозад. Ягон шири сунъӣ ҷойи шири модарро гирифта наметавонад, аз ҳамин хотир маслиҳати ман ҳамчун табиб ба занони тоҷик ҳамин аст, ки баҳонаҷӯӣ накарда, ба фарзандашон шири худро диҳанд. Пас аз шашмоҳагӣ ба тифл кам-кам ғизоҳои иловагӣ, масалан ҳар хел каша-шавлаҳои биринҷию картошкагӣ додан мумкин аст.
Посухи домуло Ҷамолиддин Хомушӣ:
Ин мушкилиро аксари модарон доранд. Дар ҷавоби ин савол ҳаминро гуфтаниам, ки аз нигоҳи мазҳаби Абуҳанифа (р) то дусолаву шашмоҳа шуданаш кӯдак ба хӯрдани шири модар ҳақ дорад, пас аз гузаштани ин муҳлат кароҳият дорад, яъне гунаҳкор мешавад.