Commerce bank may-june 2026
Кӯдакро ба синфи 1 чӣ тавр бояд тайёр кард?
01.08.2026
Oila.tj
22

Шуруъ аз 1-уми август дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ қабули ҳуҷҷатҳои кӯдакон барои дохил шудан ба синфи якум оғоз меёбад. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки ин як амали маъмулӣ аст, вале дар асл барои кӯдаке, ки бори аввал қадам ба остонаи мактаб мегузорад, ин як стресси шадид ва сахт аст. Барои он ки фарзанди шумо дар мактаб азоб накашад, бояд ӯро ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ҳам аз назари равонӣ ба мактаб омода созед. Барои ин чӣ бояд кард?

Кӯдакро пеш аз муҳлат ба мактаб надиҳед!

Тибқи қонун дар Тоҷикистон кӯдакон пас аз 7-солагӣ ба мактаб қабул карда мешаванд. Имсол кӯдакони то 31 декабри соли 2019 таваллудшуда ба синфи якум қабул мешаванд. Кӯдаконе, ки аз 1 январи соли 2020 баъдтар таваллуд шудаанд, ба синфи якум қабул намешаванд. Баъзе падару модарон кӯшиш мекунанд, ки ягон роҳу восита ёфта, фарзанди худро барвақттар ба мактаб гузоранд, аммо дар асл ин амали хатост. Шояд ба назари шумо чунин намояд, ки қаду қомати фарзандатон баланд шуда, калон ва барои ба мактаб рафтан тайёр аст, вале дар асл кӯдакон аз назари рӯҳию равонӣ танҳо баъди 7 солагӣ ба мактабхонӣ омода мешаванд. Таҷриба нишон медиҳад, ки кӯдакон пеш аз муҳлат ба мактаб рафтан ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ҳам аз назари равонӣ азоб мекашанд.

Фарзандатонро ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаронед!

Барои ба синфи 1 қабул кардани кӯдак маълумотномаи тиббӣ пешниҳод кардан лозим аст. Барои гирифтани ин ҳуҷҷат фарзандатонро шумо бояд аз муоинаи мутахассисони зерин гузаронед:

1. Педиатр - муоинаи умумӣ ва хулосаи ниҳоӣ;

2. Ҷарроҳ (хирург) - санҷиши қомат ва устухонҳои кӯдак;

3. Окулист (духтури чашм) - ташхиси биноӣ;

4. Оториноларинголог (ЛОР) - муоинаи гӯшу бинию гулӯ;

5. Невропатолог - санҷиши асаб ва ҳолати равонӣ;

6. Стоматолог - муоинаи даҳону дандонҳо.

Дар баробари ин, як қатор ташхисҳои лабораториро низ бояд анҷом дод. Аз ҷумла:

1.     Ташхиси умумии хун;

2.     Ташхиси умумии пешоб;

3.     Ташхиси гелминтҳо - кирму паразиту рӯда.

Ба ғайр аз маълумотномаи тиббӣ боз кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Тавре ки Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар додааст, барои қабули кӯдакон ба синфи 1 ҳуҷҷатҳои зерин заруранд:

1.     Парвандаи шахсии кӯдак;

2.     Акси 3×4, ду дона;

3.     Аризаи волидон;

4.     Шаҳодатномаи таваллуди кӯдак;

5.     Маълумотномаи тиббӣ;

6.     Маълумотнома аз ҷойи зист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД