Депутатҳои Думаи давлатии Россия дар хониши якум ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни наве овоз додаанд, ки ҳатмӣ гардонидани имтиҳонҳои тестиро барои кӯдакони муҳоҷир пешбинӣ менамояд. Дар сурати қабул шудани қонуни мазкур минбаъд кӯдакони оилаҳои муҳоҷир барои ба мактаб қабул шудан бояд ҳатман имтиҳони тесӣ супоранд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Қонуни мазкур ба моддаи 78-и “Қонуни РФ дар бораи маориф” тағйиро ворид менамояд ва минбаъд кӯдаконе, ки аз имтиҳони тестӣ гузашта наметавонанд ба таҳсил дар мактаб роҳ дода намешаванд. Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои тестиро Вазорати маорифи Россия муайян менамояд.
Кӯдаконе, ки волидонашон дар Россия ба таври ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд ва ҳуҷҷатҳои заруриро дар бораи асосҳои қонунии будубоши худ пешниҳод карда наметавонанд, аслан ба мактабҳои ин кишвар қабул карда намешаванд.