Мардуми қазоқ расму оинҳои хеле аҷиби наврӯзӣ доранд. Қирғизҳо боварӣ доранд, ки кӯдаки дар Иди Наврӯз таваллудшуда бой мешавад ва умре ӯро нишоту шодӣ ҳамсафар мегардад.
Дар замонҳои қадим дар ин кишвар анъанае неке буд, писарбачаҳои дар ин рӯз ба дунё омадаро Наврӯзбой, духтарчаҳоро бошад, Наврӯзой ном мениҳоданд.
Аслан наврӯзро дар Қазоқистон дар санаи 22-юми март ҷашн мегиранд. Маъмулан дар Қазоқистон одамон қаблаз Наврӯз қарзҳои гирифтаашонро баргардонида, хонаву дарашонро тоза мекунанд, либосшӯйӣ мекунанд, то ба соли нав поку бегазанд ворид шаванд.
Дастурхони идонаи қазоқҳоро суманак, шир, оби чашма ва ҳалво зиннат медиҳад. Мардум даста-даста ба сайругашт мебароянд. Гӯштингирӣ ва базми шеър аз муҳимтарин бозиҳои наврӯзӣ ба шумор мераванд.